Сари қабри яке аз футболбозони маъруфи тоҷик дар таърих Муҳсин Муҳаммадиев санги хотира гузошта шуд. Ӯ рӯзи 1-уми январи соли 2026 пас аз бемории тӯлонӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав даргузашт.
Дар санги хотира соли таваллуд ва марги футболбоз дарҷ шуда, чунин навиштаҷот дорад: «Муҳсин рафту зи хеш монд ба мухлис ҳамешагӣ, Афсонае ба саҳфаи футболи сарзамин».
Бино ба навиштаи ТВ “Варзиш”, гулҳои тару тоза дар сари қабр аз шахсе хотиррасон мекунанд, ки ба рамзи футболи Тоҷикистон табдил ёфта, хотираи ӯ гиромӣ дошта мешавад.
Муҳсин Муҳаммадиев дар Душанбе ба дунё омада, яке аз беҳтарин ҳамлагарон дар таърихи футболи ватанӣ маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳайати тими «Помир» ӯ маҳорату малакаашро сайқал дода, сипас дар дастаҳои пешрафтаи собиқи Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) ва Русия муваффақона ҳунарнамоӣ кард.
Тӯли солҳои ҳунарнамоии худ ӯ дар ҳайати дастаҳои «Пахтакор»-и Тошканд, «Локомотив»-и (Маскав), «Анкарагюҷу»,-и Туркия, «Спартак»- Маскав, «Локомотив»-и Нижний Новгород, «Аустрия»-и Вена, “Торпедо”-и Маскав, «Шинник», «Бухоро», «Динамо»-и Самарқанд, «Арсенал»-и Тула, «Витяз» бозӣ карда, ҳунарнамоии худро дар тими “Регар-ТадАЗ” ба поён расонид.
Футболбоз инчунин дар ҳайати дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Русия, мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар ҳайати дастаи «Спартак» бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими Тоҷикистон ӯ 2 тӯб ва Русия - 1 тӯбро ба ҳадаф расонидааст.
Пас аз анҷоми ҳунарнамоии касбӣ Муҳсин Муҳаммадиев аз футбол нарафта, дар вазифаҳои роҳбарӣ дар дастаи «Рубин»-и Қазон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин бо тими «Истиқлол»-и Душанбе ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва Суперҷоми Тоҷикистон ноил гардидааст. Ғайр аз ин, ба ҳайси сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар дастаҳои Ӯзбекистон низ кор кардааст.
Солҳои охири ҳаёташ ӯ дар вазифаҳои роҳбарӣ дар футболи Тоҷикистон ифо вазифа намуда, барои рушди футболи Тоҷикистон саҳм гузоштааст.
Муҳсин Муҳаммадиев 1-уми январи соли 2026 дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт. Оғози мавсими футболи соли 2025 ҳангоми сафар ба Туркия ба сактаи мағзӣ дучор шуда, давоми қариб як сол дар як бемористони Маскав табобат мегирифт. Даргузашти ӯ барои бисёре аз ҳаводорону мухлисони футбол ва ҷомеаи Тоҷикистон талафоти бузург маҳсуб меёбад. Акнун сари қабри шахсе, ки тамоми ҳаёташро ба футбол бахшида буд, санги хотираи арзанда гузошта шуд.