formula
САЙЁДРО ДАР РУСИЯ ПОРА –ПОРА КАРДАНД
12.11.2020
Р. Азимӣ
11004

Салом кормандони «Оила»! Хонандаи ҳамешагии шумо ҳастам ва мехоҳам ҳодисаеро, ки ба наздикӣ дар Русия рух дод, нақл кунам. Сайёд ҷавони тануманди абрӯсиёҳе буд, одами як маротиба ин ҷавонро дидагӣ орзу мекард, ки боз як бори дигар ба суҳбаташ мушарраф гардад. Духтарони зиёде ошиқи зораш буданд, вале Сайёди намозхону худотарс парвои ишқу ошиқӣ надошт.


Барои ман ӯ монанди як бародар буд, чунки модарам Сайёдро фарзанди худаш барин дӯст медошту тез-тез ба хонаашон меҳмонӣ мерафт. Аз забони модарам мешунидам, ки Сайёди дидадаро дар Русия ҳам бо ҳама забон ёфтаасту кораш бобаракат аст, вале ин ҷавони ҳалиму меҳрубони беозорро 20-рӯз пеш як гурӯҳ роҳзанҳои рус бисёр бераҳмона ба қатл расониданд. Онҳо шабона Сайёдро ғорат намуда, мурданивор мезананд ва ҷасадашро мисли галаи гургон пора-пора намуда, дар ҷангал партофта мераванд. Вақте хабари ваҳшиёна кушта шудани Сайёд дар деҳа паҳн гашт, ҳама ба даҳшат афтодем, вале дар як гӯшаи дилҳоямон умеде шуъла мезад, ки шояд ин гап дурӯғ бошад, аммо…

Вақте ки ҷисми беҷони ин ҷавони аз сад гулаш як гулаш ношукуфтаро ба деҳа оварданд, хурду калон мотам гирифта, хун гиристем. Мани пару бол шикаста, ки ӯро ака мегуфтам, бо ашкҳои шашқатор ба хонаашон рафта , гардани пайвандонашро гирифта, нола кардам. Фиғони ҷонсӯзи аҳли оилаи Сайёд дили фалакро мешикофт, вале тақдирро тадбир карда намешуд. Сайёди номуроди гулгункафанро бо ашкҳои хунбор ба хонаи охираташ гусел кардем. Сайёди мисли фаришта покдилу покният дар айни шукуфоии умр аз ҷабри чанд бехудо дили хоки сардро ба худ манзил намуда, дар дили пайвандон ва ҳамдеҳагон доғи абадӣ ниҳод. Аз минбари баланди «Оила» ба кулли муҳоҷирони тоҷик гуфтаниям:

Эй тоҷикони ғариб, вақте Сайёд мурд, хаёл кардам, ки аслан зистани мо дар ин дунёи бераҳм бефоида аст. Намехоҳам дигар ягон ҷавони тоҷик мисли Сайёд аз дасти фашистони навбаромад кушта шавад. Волидони чашмбароҳатонро хуни ҷигар накарда ба Ватан баргардед. Одамизод дар куҷое, ки набошад, Худованд ризқу рӯзиашро медиҳад. Ягон кас дар Тоҷикистон аз гуруснагӣ намурдааст, боварӣ дорам, ки шумо ҳам як пора нон ёфта, бо зану фарзандонатон бо хотири ҷамъ ва бе тарсу ҳарос хӯрда метавонед.

Фаришта, хонандаи «Оила».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД