arzon replenishment
Шаҳбачаи ваҳдатӣ пеш аз тӯй дар Русия гум шуд
27.01.2020
Р. Азимӣ
4488

 Ин ҷавони чашму абрӯсиёҳи хушқавора, ки ба ҳунармандони синамо монандӣ дорад, як моҳ боз беному нишон ғайб задааст.

Убайдулло, аслан зода ва сокини ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат буда, дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳрри Маскави Русия қарор дошт.
Убайдулло Холов бо умеду орзуҳои ширин рӯ ба муҳоҷират оварда буд ва бо нияти барпо намудани оилаи солим шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, кор мекард. Ин шаҳбачаи ормонӣ ба хотири бо дабдаба ва зебову хотирмон гузаронидани ҷашни домодияш музди меҳнаташро сарфакорона истифода бурда, ҳармоҳ ба хона пул мефиристод. Модар бо сад умеду орзуҳои ширин барои арӯси ояндаи Убайдулло ҷиҳози арӯсӣ мехарид ва барои шаҳбачаи рустамбозуяш ҷомаи домодӣ медухт.
Падар бо пулҳои фиристодаи Убайдулло барои тӯй чорво харида, бонӣ мекард, то ҷашни домодии шоҳписараш серу пур гузарад.
Бародарону хоҳаронаш низ бо қалбҳои моломоли ҳавсҳои рангин ба тӯйи Убайдулло омодагӣ медиданд, аммо ин шаҳбачаи нозанин якбора беному нишон гум шуд, дигар на занг мезанад ва аз худ дарак медиҳад. Касе намедонад, ки дар мулки ғарибӣ ба сари Убайдулло чӣ ҳодиса омад ва чаро якбора бедарак гашт. Модари зори Убайдулло дар ғами шаҳбачаи беномунишонаш шабто саҳару рӯз то бегоҳ мисли абри баҳори хун аз дида борида, мегиряду мегиряд. Падарро ғами фарзанд дарун ба дарун сӯхта хокистар месозад ва мисли мурғи посӯхта худро ба сад дар мезанад, то аз писараш ному нишоне пайдо кунад.


МАЙСАРА: АЗ ШАВҲАРКОБӢ КАФШҲОЯМ ҒАЛБЕР ГАШТАНД


Пайвандонаш дар ғами Убайдуллои хушсуҳбату хушсурат ҷигархун гаштаанд, ва аз тамоми муҳоҷирони меҳнатию афроде, ки ӯро дар ягонҷо дидаанд ё дар борааш чизе медонанд бо камоли эҳтиром хоҳиш ва илтиҷо менамоянд, ки ба рақамҳои зерин занг бизананд: +79645594961

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД