Arzon march 2024
Қаҳрамонии писараки 10-солаи тоҷик дар Маскав
3005


Навраси 10-солаи тоҷик Бахтиёр Усмонов натанҳо дар Маскав, балки дар тамоми Русия машҳур гаштааст.

Ин писарак дар шаҳри Хабаровск зиндагӣ мекунад ва рафиқашро, ки ба даруни коллектори ҷӯшон афтида буд, аз марг наҷот додааст.

"Оилаи мо аз Бахтиёр беҳад миннатдор аст, зеро бо шарофати ҷасорати ӯ писарам зинда монд ",-мегӯяд падари писараки наҷотёфта.
Барои ин қаҳрамонияш номи писарбачаи тоҷик, ки дар синфи сеюм мехонад, ба қатори 20 нафар бачаҳое дохил гардид, ки аз ҷониби Валентина Матвиенко ва Виктор Золотов мукофотонида мешаванд. Бахтиёр дар мактаби кадетӣ таҳсил мекунад, шуғли дӯстдоштааш футбол буда, орзуи офитсер шуданро дорад.


Ҳусейн 10 сол пеш ба Руссия рафта, бедарак шудааст. Ҳолдонҳо мегўянд, ки дар он ҷо зани рус гирифтаасту парвои оламу...


Мо мутмаинем, ки дигар муҳоҷирони тоҷик низ бо ҷасорат ва кӯмаку дастгириҳояшон дар олатҳои фавқулода ном бароварда, миёни дигар халқу миллатҳо номи миллати тоҷикро баланд мебардоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД