Фахриддин аз ноҳия ба шаҳр мизоҷ мебурд. Бисёр вақт шабҳо дар хона набуд. Аз ҳамсараш дилаш сад фоиз боварӣ дошт. Барои ӯ ва кӯдаконаш тамоми шароитро муҳайё карда буд.
Он шаби тақдирсӯз Фахриддин ба шаҳр чор нафар мизоҷро бурду аз он тараф интизори муштарӣ истод. Ногаҳон як ҷавонписари қадбаланди ороста ба назди ӯ омаду гуфт:
- Салом, ака, то деҳа маро намебарӣ?
- Воалейкум салом, мебарам, аммо боз се нафари дигарро бояд интизор шавем. Мешавад?
- Намешавад, он ҷо янгаатон маро интизор аст. Акаҷон, ман пули чор одамро медиҳам, биё маро бар танҳо, роҳат биравам.
- Барои ман фарқе надорад, агар пули чор одамро бидиҳӣ, бемалол то дари хонаи арӯсат мебарам.
- Пас, рафтем, ака.
Ҷавонписар ба мошини Фахриддин нишасту ӯ мошинро ба ҳаракат даровард. Ҳамсуҳбаташ, ки хеле зарофатгӯю хушчақчақ буд, бо ӯ гап зада мерафт. Фахриддин, ки аз ҳамин деҳа буд, аз ӯ пурсид:
- Додар, ин зан зани никоҳиат аст ё арӯсат?
- Не ака, ман ба наздики тӯйи домодӣ дорам, ин зан арӯсам аст, мегӯям, ки биё никоҳ кунем, не мегӯяд, ниҳоят зебо аст.
Фахриддин ҳатто гумон надошт, ки марги худро бо дасти худ ба хонааш мебарад. Ҷавон бо ҳавас аз маъшуқаи зебояш нақл мекард.
- Аз қишлоқи мо ин зан кӣ бошад?
- Ака, ана аксаш.
Ҷавонписар акси якҷоя гирифтаашонро ба Фахриддин ҳангоми дар ними роҳ таваққуф карданашон барои қазои ҳоҷат бо телефонаш нишон дод.
Фахриддин дар торикӣ аввал фикр кард, ки дар акс шояд ягон ҷавонзани ба ҳамсараш монанд будагист, аммо бодиққат назар карду симои ҳамсарашро шинохт. Дар он акс зани худаш буд. Ҳамон зане, ки субҳ бо бӯса ва дуои хайр гуселаш карда буд, акнун дар оғӯши бегонае бо лабханди мастона медурахшид.
Ҳамсари ӯ бо ин ҷавонписар даст ба гардан, лаб ба бӯса хушбахту махмур менамуд.
Фахриддин тамоми қувваташро ҷамъ кард, то ин ҷавонро дар ин торикӣ кушта напартояд. Пурсид:
- Ин занро ростӣ нашинохтам, деҳаи мо калон аст, ин зан шавҳар, кӯдак надоштааст?
- Не, мегӯяд, ки шавҳараш чанд сол пештар аз беморӣ гузаштааст, чор кӯдаки хурд дорад.
- Чӣ қадар вақт аст, ки бо ӯ шиносиву рафтуомад дорӣ?
- Зиёда аз як сол аст, ки ӯ арӯси ман аст. Ҳар вақт хоҳад, маро фарёд мекунад, аммо фақат шабона, мегӯяд, ки рӯзона ҳамсояҳо мебинанд.
Дидед, чӣ хел зебост?
Фахриддин сари рул қариб дод гуфта ӯро аз мошин ҳаво диҳад. Аммо боз худро дошту гуфт:
- Пас, ту ҳар вақт меравӣ, кӯдаконаш чизе намегӯянд?
- Не, онҳоро дар утоқи худашон мехобонад, ман меистам, боз субҳ барвақт бармегардам.
- Чӣ хел шинос шудӣ?
- Ба воситаи телефон, тасодуфан, дар сайти Инстаграм.
Чашмони Фахриддин пур аз ашк шуд, аммо инро дар торикӣ ин ҷавон намедид. Ӯ фақат қиссаи ошиқиҳояшро бо арӯси хушрӯяш бо сад ҳавас нақл мекард.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН