sebiston july new
Шаҳло Ҳафизова бемор аст?
1431


Рӯз ба рӯз зиёд шудани шумораи ҳунармандони ҷавон албатта боиси хурсандист, вале на ҳамаи нафароне, ки ба тозагӣ рӯи саҳнаи ҳунар по мегузоранд, дорои истеъдод ва ҳунари воло ҳастанд.

Танҳо ҳамон сарояндагоне ба дилҳои мо роҳ меёбанд, ки дар воқеъ садо ва истеъдоди Худодод доранд. Рӯзҳои охир дар саҳнаи ҳунар боз як бонуи ҷавону ҳунарманд пайдо шудааст, ки бо суруди “Наргиси маст” ба дили мухлисон роҳ ёфт. Ин бону Шаҳло Ҳафизова ном дошта, хеле ҷавону зебо аст. Як ҳамсабақам, ки аз ноҳияи Рашт аст, ба мо хабар дод, ки Шаҳло бемор будаасту бо ҳамин сабаб таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббӣ қатъ намуда, ба Донишгоҳи санъат гузаштааст. Магар Шаҳлобону ягон бемории ҷиддӣ дорад?
Нигора


Посух
Дар ҳақиқат Шаҳло Ҳафизова бо вуҷуди бе ниҳоят ҷавон буданаш бо сурудҳои ҷаззобу лаҳну шеваи хоси худ ба зудӣ ба дили мухлисони ҳунар роҳ ёфтааст. Шаҳлобону сараввал донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббӣ буда, муддати якуним сол нозукиҳои касби табибиро аз худ намудааст. Вале баъди чанде аз донишгоҳи мазкур ба Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода интиқол ёфта, феълан дар курси 4 таҳсил мекунад. Айни замон дар ансамбли “Сипар”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Чанд рӯз қабл ин бонуи ҳунар дар барномаи “Хушнамо”-и телевизиони “Сафина” баромад намуда, дар бораи кору фаъолияти худ ба мухлисони ҳунар маълумот дода буд. Тавре Шаҳло дар барномаи мазкур қайд намудааст, меҳри ҳунар ҳанӯз дар муҳити оилавӣ, ки падару амакҳояш навохтани асбобҳои мусиқиро балад ҳастанд, дар хунаш туғён намуда, ӯро ба даргоҳи санъат овардааст. Аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар интиқол ёфтани ин бонуи ҳунар маънои бемор будани ӯро надорад. Мо кӯшиш менамоем, ки рӯзҳои наздик бо Шаҳло Ҳафизова оиди зиндагӣ ва кору фаъолияташ мусоҳибаи кутоҳеро анҷом дода, пешкаши мухлисон гардонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД