Arzon march 2024
ШАВҲАРАМ ЗАНИ 3-ЮМ ГИРИФТ
20.05.2021
Оила
6607


Дар синни 28 солагӣ аз ночорӣ зани дуюм шудам. Шавҳарам худашро 38- сола гуфта буд, вале баъди никоҳ карданамон фаҳмидам, ки 48- сола будааст. Пайвандонам ба ман маслиҳат доданд, ки аз шавҳарам ҳамчун кафолат хона талаб намоям. Вақте дар наздаш шарт гузоштам, шавҳарам рад накарда бароям хона харид. Соҳиби манзили алоҳида шуда дар дил сад дар сад боварӣ ҳосил намудам, ки нияти ин мард ҷиддӣ аст ва ҳеҷ гоҳ маро намепартояд, аммо…

Имрӯз синнам ба 35 расидаасту дили шавҳарам зани ҷавонтар мехоҳад. Шунидам, ки духтари 22 солаеро ба никоҳаш даровардааст. Дар болоям зан гирифтани шавҳарам маро девона карда, мисли ҳезуми тар бе дуд месӯзам. Дугонаам боре гуфта буд, ки шавҳари касро соҳиб шудӣ, як рӯз не як рӯз шавҳаратро соҳиб мешаванд, вале он вақт ин суханони пурҳикмати ӯро аз рашку ҳасад мепиндоштам. Дилам мехоҳад аз ин марди занҷаллоб ҷудо шавам, вале боз метарсам. Метарсам, ки аз ин мондаю аз он ронда гуфтагӣ барин, дар зиндагӣ сарсон мешавам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Миҷгона, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД