Arzon march 2024
Шавҳари маъюб ва ҳаёти ибратомӯзи зани кӯчарӯб (ВИДЕО)
2564
Шавҳари маъюб ва ҳаёти ибратомӯзи зани кӯчарӯб (ВИДЕО)


Ҳанифа Мирзоева муддати шаш сол аст, ки дар тозаву озода кардани кӯчаҳои шаҳри Душанбе саҳми босазои хешро мегузорад. Ҳама дар хоби нозанд, вале ӯ ҳамроҳи кормандони бригадаи №2- раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба кор мебароянд. Онҳо дар ду баст аз соати 8 то 12 ва басти шабона аз соати 23 то 2 -и шаб кор мекунанд.
Кормандони ин бригада 20 нафарро ташкил дода, ба сифати роҳрӯб фаъолият менамоянд. Онҳо ҳар моҳ аз тарафи раёсат бо лавозимоти корӣ таъмин карда гашта, ҳамасола дар рӯзи модарон ва истиқлолият 1000 сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд. Рубӯчини кӯчаҳо барои Ҳанифа як амали маъмулӣ гаштааст.
Ин зани меҳнатқарин мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуда, аробаи зиндагиро ба танҳоӣ мекашад. Муддати 24 сол аст, ки Ҳанифа бар замми тарбия ва таъмини фарзандонаш шавҳари маъюбашро низ парасторӣ менамояд.
Вай дар хона ҳам мард асту ҳам зан, баъд аз кор омаданаш осемасар барои фарзандонаш хӯрок пӯхта, кору бори рӯзгорро ба сомон мерасонад.
Албатта нигоҳубини чаҳор фарзанди худсол ва парастории шавҳари маъюб барояш осон нест, вале Ҳанифа душвориҳои зиндагиро мардона пушти сар менамояд. Биёед беҳтараш қиссаи зиндагии ин зани кӯчарӯбро аз забони худаш бишнавем.
Видеои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст.
"Оила" барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД