sebiston july new
ШИРИН АМОНЗОДА АЗ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОН ДИФОЪ МЕКУНАД
1161


Имрӯз соати 14-00 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва дигар масъулони ин сохтор нишасти матбуотӣ баргузор гашт.

Сароғоз вазир дар боби фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ гузориши мукаммал дода, аз ҷумла қайд намуд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самтҳои меҳнат, муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунарҳои милливу муосир корҳои назаррасро анҷом додааст. Ба қавли Амонзода музди миёнаи меҳнати номеналии кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар 10 моҳи соли 2020 нисбати соли пешин 3,9% баланд шудааст. Ширин Амонзода дар гузориши хеш ба масъалаи раванди муҳоҷират низ равшанӣ андохта, аз ҷумла қайд кард, ки:
-Дар соли 2020 аз ҷумҳурӣ 129 807 нафар бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ин нисбат ба соли пешин 170 912 нафар ё 76% камтар аст. Бо сабаби авҷ гирифтани коронавирус ва баста шудани марзҳо 90 333 нафар муҳоҷирон ба Ватан баргаштад.
Дар нишасти матбуотӣ теъдоди зиёди хабарнигорон аз рӯзномаву маҷаллаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ширкат варзида, вазирро саволборон намуданд. Бештари саволҳо ба масъалаи муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хориҷ аз кишвар марбут буданд.
Ширин Амонзода ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мукаммал дода, аз ҷумла қайд намуд, ки новобаста ба душвориҳои даврони пандемия гуфтушунидҳои расмӣ ба таври мустақим ва ғайримустақим бо кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, аз ҷумла бо Русия идома доранд ва аллакай 220 нафар муҳоҷирон барои кор дар сохтмон ба Русия фиристода шуда, рӯзҳои наздик беш аз 200 нафари дигари ба ин кишвар сафар хоҳанд кард.
Дар посухи саволи хабарнигорон дар бораи сару садоҳо дар боби он ки Русия ҳозир аст дар соли 2021 ҳудуди 20000 муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қабул намояд, вазир гуфт, айни замон ин фақат як пешниҳод аст, аммо бо кушода шудани марзҳо Русия метавонад шумораи аз ин ҳам бештари муҳоҷирони меҳнатии моро қабул намояд.
Ширин Амонзода, ҳамчунин ба саволҳои хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ Фирӯза Сатторӣ дар масъалаи мухолифати маълумотҳои оморӣ дар бораи шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ва мушкилоти занони муҳоҷир посух гуфта, қайд кард, ки дар ҳақиқат дар боби омори муҳоҷирон мухолифати рақамҳое, ки ду тараф пешниҳод менамоянд, мушоҳида мешавад.
Тибқи омори расмӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик камтар аз 450 ҳазор нафарро ташкил мекунад, вале Русия шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро 800 ҳазор ва ҳатто як миллион арарзёбӣ менамояд. Сабаби чунин мухолифати калони рақамҳо дар чист? Дар шарҳи ин масъала Амонзода гуфт:
-Аксари касоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ҷавон ҳастанд ва аҳли оилаашонро низ бо худ мебаранд, вале муҳоҷири меҳнатӣ гуфта мо танҳо шахсони қобили меҳнатро дар назар мегирем. Ҷониби Русия фарзандони ноболиғи муҳоҷиронро низ ҳамчун муҳоҷир ба қайд мегирад, аз ҳамин сабаб маълумотҳои оморӣ дар бораи шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ба ҳамдигар мувофиқат намекунанд. Аммо ман умедвор ҳастам, ки ин мушкилот ба зудӣ ҳал шуда, минбаъд мо метавонам омори ягонаро пешниҳод созем.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд ба Намояндагии вазорат дар Русия 32 258 муроҷиат ва дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид ва баррасӣ гаштаанд, ки бештарашон ба занҳои муҳоҷир марбут буданд. Қисми зиёди муроҷиаткунандагон аз рӯёнида натавонистани музди меҳнати худ шикоят доштанд ва бо дахолати намояндагӣ тариқи судҳо маблағи 18 миллиону 27 ҳазору 114 рубл ҳаққи заҳмати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аксарашон занони муҳоҷир буданд, рӯёнида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД