sebiston july new
ШИРКАТИ СОХТМОНИИ "ПИК-МОДУЛ" МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО БА КОР ДАЪВАТ МЕКУНАД!
2125


Бекорӣ чанд соли охир ба мушкили асосии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Пас аз хурӯҷи коронавирус бошад, сафи бекорон боз ҳам бештар гашта, якбора баланд рафтани нарху наво рӯзгори халқро боз ҳам вазнинтар кард.

Ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони тоҷик худро ба сад дар зада, чора меҷӯянд, то илоҷе карда ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, вале нархи чипта чунон дандоншикан гаштааст, ки на ҳар кас қудрати харидорӣ намуданашро дорад.

Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати “ПИК-модул”-и Русия тасмим гирифтааст, ки мушкили афроди нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доштаро осон намояд.
Ширкати сохтмонии “Пик-модул” муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор ба Русия даъват менамояд. Дар ин бора сомонаи дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар дода, таъкид кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд танҳо дар арзи се рӯз-аз 21 то 23 июн барои номнавис кардан ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

“Музди меҳнати кормандон 55 -65 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Чипта ройгон буда, тамоми хароҷот аз ҷониби ширкати "ПИК Модул" пардохт карда мешавад.

Рӯзи корӣ аз 8 субҳ то 8 бегоҳирӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст”,-мегӯяд манбаъ.

Хоҳишмандон–муҳоҷирони корӣ метавонанд то санаи 23 июн санадҳои худро ба Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 барои таъмин гаштан бо кор супоранд.

Ногуфта намонад, ки ширкати мазкур мардони то 43- соларо ба кор қабул мекунад.

Хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд. Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Айни 121, тел: 937913130, 987689876, 880002001

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД