Commerce bank may-june 2026
Шодии худо дар шодии падар аст (ҚИСМИ 2)
249

Гӯё он лаҳза ба сари падар осмон фурӯ рехт. Сараш чарх зад, дилаш аз таппиш монд. Як бор чунин дард вақти вафоти ҳамсари азизаш ӯро гирифта буд. Акнун рафтори фарзандаш ӯро ба дарди қалб мубтало кард.

Як марди капа-калон зор-зор мегирист. Ҳайрон мешуд, ки чӣ гуноҳе дар вақташ содир кардааст, ки худо ба ӯ чунин ҷазоро лоиқ дидааст? Охир, дар авлодашон ҳеҷ кас на ғар буду на дузд. Ин шармандагиро ӯ чӣ хел мебардорад?

Гиряи падар он лаҳза Фирӯзаро ба риққат наоварда буд. Бепарво, мисли қайкал меистоду интизори ҷазои падар буд. Вале падар чизе нагуфт. Бо дили реш-реш духтурро илтимос кард, ки духтарашро исқоти ҳамл намояд. Баъд аз ин ӯро ба хона оварда, таъкид кард:

- Дигар аз хона набаро. Бо ин номард гап назан. Наход ягон марди занмурда набарояд...

Дар ҷойи кор хаёлаш, ки ҳама бо ангушт ишора карда, ба ҳоли ӯ механдиданд.

Ҷамшед аз мактаб омада, ба падар арз кард, ки дигар ба мактаб намеравад. Падар сабабашро пурсон шуд. Гуфт:

- Ҳама ҳамсинфонам мегӯянд, ки апаи ту ҳаромиро аборт кардааст.

Падар пай бурд, ки он духтурзанаки шаттоҳ воқеаро ба кадом одами шиносаш нақл кардааст.

- Ман дигар ба мактаб намеравам, падар.

Падар маҷбур шуд, ки духтарашро муддате ба хонаи хоҳараш фиристад. Он ҷо аммааш ба Фирӯза домод ёфт. Марди 45-солаи ботамкин хонаю дари калон дошт. Рӯзи бурдани арӯс ҳам наздик мешуд. Падар барои рӯҳафтода нашудани фарзандаш маъракаи калоне орост. Ҳамин вақт боз Руслан пайдо шуд. Мисли як сели бадбахтиву бадномӣ ӯро гурезонида бо худ бурд. Ин дафаъ низ Фирӯза обрӯйи падарро андеша накард.

Падар он шаб аз фикру ғусса бистарӣ шуда, бе бемории дил печид.

Руслан Фирӯзаро бо худ ба шаҳри Бишкек бурда буд. Фирӯза ҳатто вақте фаҳмид, ки падар дар беморхона хоб аст, ба хабаргирӣ наомад.

Рӯзе додарони зани Руслан Фирӯзаро ёфта, зери мушту лагад гирифтанд. Руслан, ки аз додарони занаш сахт метарсид, дигар ба тарафи Фирӯза наомад.

Омаду падарро наёфт духтари гумроҳ. Гӯри ӯро аз аммааш пурсон шуд. Аммааш ӯро бо қаҳр пеш карда, гуфт:

- Нав падар ба ёдат омад, рав аз хонаи ман?!

Фирӯза зору ҳайрон, намедонист, ки ба куҷо равад. Муддате дар хонаи дугонааш зист. Он ҷо низ ба таънаю маломати шавҳари дугонааш дучор шуд. Доғи бадномӣ нақши худро якумра дар пешонии ӯ гузошта буд. Ба хобгоҳе омада, ҷой гирифт. Ба ҳайси фаррош кор мекунад. Оилаҳои ободу солимро дида, ҳавас мехӯрад армонӣ.

Додараш дар хонаи аммааш аст. Бисёр вақт худ ба ба худ мегӯяд:

- Падарҷон, куҷоӣ?

Зиндагии Фирӯза бо ҳамин маром равон аст. Ҳеҷ не, ки роҳи дурусти зиндагиро ёбад.

“Касе дар зиндагӣ дуои неки падарро нагирад, аҳволаш чунин аст”,-андеша дорад Фирӯзаи пушаймон.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД