Commerce bank may-june 2026
Шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонони лаёқатманд зиёд карда шуд
95

Имсол шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонони лаёқатманд 400 адад зиёд карда шуда, дар маҷмуъ 1670 нафар тариқи квота ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, аз 1 670 нафар ҷавонони ба дарёфти квотаи президентӣ мушаррафгашта 835 нафарашон духтар ва 835 нафар писар мебошанд. Озмун барои дарёфти квотаи президентӣ аз 20-уми май то 5-уми июни соли равон дар се давр баргузор гашта, аз вилояти Хатлон 650 нафар, аз вилояти Суғд 446 нафар, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 210 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 364 нафар ҷавонони болаёқат соҳиби квотаи презедентӣ гаштаанд.

Шахсоне, ки ба дарёфти квота шарафёб гаштаанд, ба таври ройгон дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таҳсил хоҳанд кард. 65%-и квотаҳо барои таҳсил дар ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ҷудо шуда, ба фанҳои математика ва технологияҳои навин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД