Arzon march 2024
СИРРИ «ДАМЛАМА»
2788

  Ширинии зиндагӣ ба ширинии  дастони зан вобастагӣ дорад. Ҳар қадар зан дар ҳунари кадбонугӣ моҳир бошад, ҳамон қадар дили шавҳар ва аҳли оила ба ӯ гармтар мешавад.

Аз ҳамин хотир имрӯз мо ба бонувон тарзи пухтани як хӯроки бисёр хуштаъмро пешкашатон мекунем, ки ин хӯрок  “Дамлама” ном дорад. 

Маҳсулоти лозима:

500 г гӯшти гов
3 пиёз

5-6 дона картошка
равғани растанӣ
2 сабзӣ
карам
2 помидор
1 қаланфури булғорӣ
сирпиёз
каме намак

Тарзи таҳия:

Гӯштро ба андозаи қуттии гӯгирд реза кунеду пиёзу қаланфурро ҳалқача, сабзиро аз байнаш чор қисм, картошкаро ба 4-5 қисм. Ба равғани тасфон гӯштро андохта, 3 дақиқа дар оташи миёна сурх кунед, сипас пиёз, қаланфури булғорӣ ва помидори резаро андохта андаки дигар зирбонда, баъдан оташро паст кунед. Акнун маҳсулотро қабат ба қабат гузошта ба ҳар як қабаташ хушбӯйкунандаҳоро пошида аз болояш бо карам пӯшонед ва даҳони дегро маҳкам карда, дар оташи паст дамламаро дам партоед. Пас аз ду соат дамламаро ба табақ кашида бо кабутӣ оро диҳед.

ИШТИҲОИ ТОМ! 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД