Arzon march 2024
Сирри пойдории оила дар муҳаббат аст
704


Камина ҳамақидаю ҳамрайъ ҳастам ба ҳамаи онҳое, ки дар оилаю оиладорӣ эҳтиром ва муҳаббатро шаҳсутун маънидод мекунанд ва ин шаҳсутунро шаҳсутуни устувории ҷомеа мешуморанд.

Дар радифи ҳамин ақида як қиссаи хурдакакеро аз ҳаёти як оилаи ҷавон меорам:
Субҳгоҳон дари хонае кӯфта мешавад. Соҳибхоназани ҷавон онро кушода мебинад, ки паси дар се мӯйсафед.
- Чӣ хизмат, бобоҳои азиз?
- Мо се нафар: Дороӣ, Тавоноӣ ва Муҳаббат. Ба кадоми мо иҷозати даромадан медиҳӣ?
- Ҳоло субҳ. Шояд, ки ҳамаатон наҳорӣ накардаед. Биноан ҳамаатон марҳамат кунед.
Мӯйсафедон рад карданд:
- Не, намешавад. Танҳо як нафари мо бояд дарояд. Ту интихоб кун.
Ҷавонзан ҳайратзада гуфт:
- Пас, шавҳарамро пурсам.
Зан чун ин ҳолатро ба шавҳар фаҳмонд, ӯ гуфт, ки Дороӣ дарояд.
Зан баъди андаке пурсид:
- Шояд Тавоноиро дарорем?
Духтарчаи онҳо, ки ин муколамаро мешунид, гуфт:
- Беҳтар, ки Муҳаббат дарояд.
Зану шӯйи ҷавон табассуме карданду розӣ шуданд ва зан ба назди мӯйсафедон баргашта гуфт:
- Муҳаббат дарояд.
Чун Муҳаббат қадам аз остона дарун монд Дороию Тавоноӣ ҳамон лаҳза бо ӯ даромаданд. Зан гуфт:
- О, Шумоён ин тавр кардан намехостед-ку?
Дороию Тавоноӣ ҷавоб доданд:
- Духтарам, он ҷо ки Муҳаббат аст, мо ҳамеша бо ӯем. Имкони ҷӯдошавӣ нест.

Бо овардани ин қисса гуфтаниам, ки ҳам дороии инсон, ҳам тавонии ӯ, ҳам иззату эҳтиром, хулоса ҳама чизе ки марбут ба оилаю оиладорӣ ва умуман ба муносибатҳои инсонӣ аст, сарчашмаашон аз муҳаббат мебошад. Маҳз муҳаббат одаму оламро дигар мекунад, шукуфоӣ мебахшад, ҷону рӯҳу танро болида мегардонад. Маҳз муҳаббат шахсро шахсият, нотавонро тавоно, нодонро доно менамояд. Чун ҳар як шахс дар оила аст, оила бошад дар ҷомеа - дар маҷмӯъ имконияти рушди ҷомеа фароҳам меояд.
Пас, зарур аст, ки дар оила фарзандони худро тариқи муҳаббат омӯзем, дӯст доштан, иззату эҳтиром карданро талқин намоем. Дар мағз-мағзи ҷонашон, дар умқи дилу рӯҳашон ин мафҳумҳои муқаддасро ҷой кунонем. Сар-сари не, қориазёд не-бо эҳсос, бо дарк, бо фаҳмидану дар худ ҳазм намудан.
Ба як гуфтаи устод Мӯъмин Қаноат пурра мувофиқ ҳастам: «Зан дуюмин офаридгор аст, баъд аз Худо». Акнун ин Зан-ин Офаридгор, ба ғайр аз ба дунё овардани инсон, боз чӣ гуна рисолатҳо ва чӣ гуна ҳунару вазифаю ӯҳдадориҳоро доро бояд бошад? Ҳамаи ин сифатҳо дар вуҷуди ӯ аз куҷо пайдо мешаванд? Албатта, пеш аз ҳама ва беҳ аз ҳама дар оила – дар овони кӯдакию наврасию ҷавонӣ. Волотарин ҳунари зан он мешавад, ки агар ӯ тавонад ба фарзандони худ – яъне офаридаҳои худ тариқи муҳаббату дӯстдоштан ва эҳтиром карданро омӯзонад. Зеро маҳз муҳаббат, дӯстдорӣ, иззату эҳтиром асоси устувории оила, дар маҷмӯъ ҷомеа шуда метавонад.
Аз оилае, ки фарзандонаш солим, донишманду пурҳунар, ҷасур, қавирӯҳу қавиирода ба камол нарасидаанд, ба гумон аст, ки ба ҷомеа, ба Ватан, ба халқу миллат манфиате мерасида бошад, баръакс, имкон дорад, ки чунин фарзандон дарди сари давлат ва Ватан бишаванд. Сангею гиёҳе, ки дар он хосияте ҳаст,
з одаме беҳ, ки аз ӯ манфиате нест.
Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як таъкиди басо муҳим доранд: «Ҳеҷ як модари хислати ғуломона дошта фарзанди қаҳрамон тарбия карда наметавонад».
Аз ин гуфтаи ҷаноби олӣ чунин бармеояд, ки мо бояд дар оилаҳо озодандешӣ, солимфикрӣ, ҷасорату матонат ва қавирӯҳию қавииродагии занон–модаронро арҷ гузорем, дастгирӣ кунем ва равнақ диҳем. Агар онҳо чунин сифатҳоро надоранд, лозим аст, ки барои пайдокунии ин гуна хислатҳо ба эшон мусоидат намоем. Зеро ташаббусҳои чандинкаратаи ҷаноби олӣ оид ба боло бардоштани нақши зан дар ҷомеа, пойдоргардонии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила, нақши омӯзгор, аҳли илму маърифат ва уламои дин дар устуворгардонии оилаҳо ҳидоятгар ва мусоидаткунандаи маҳз ҳамин гуна амалҳо мебошанд.

Дар замони ҷавонии мо барои устувории оилаҳо ҳар як коллективи меҳнатӣ, ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мисли иттифоқҳои касаба, ҳизби коммунист ва кумитаи комсомол худро масъул медонистанд. Чунин ҳисобида мешуд, ки устувории оила, ин устувории ҷамъияту давлат аст, мусоидаткунандаи асосии пешрафти истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи рушди ҷомеа аст. Маҳз ба ҳамин хотир дар назди қариб ҳар як сохтор новобаста аз тобеъияти маъмурӣ, маҳфилҳои доимии «Санъати оиладорӣ», «Оила ячейкаи (зинаи) аввал, вале асосии ҷамъият», «Зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир», «Рӯзгордорӣ биомӯз». «Фарҳанги оиладорӣ» ва монанди инҳо бисёр фаъол буданд. Дар ин кор муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ва сохторҳое, ки бо занону духтарон кор мебурданд фаъолияти бештар ва босамартар доштанд.

Мутаасифона ҳоло қариб, ки чунин нест. Маҳфилҳои ҳаммонанд аҳён-аҳён ҳастанд ва онҳо низ на ба он зайле фаъолият доранд, ки дил мехоҳад. Зиёда аз ин ҳастанд одамоне, ки ташабусҳои дар самти устуворгардонии оилаҳо ба амал омадаро дахолат ба корҳои оиладорӣ мешуморанд, яъне дуруст намеҳисобанд. Ба ин гуна одамон ҷавоби саҳеҳро олими тоҷик, устод Маҳмадулло Давлатов додаанд: Бо вуҷуди дар ташкили оила мустақил будани одамон, ҷомеа ҳеҷ вақт ба ин масъала бетараф буда наметавонад. Зеро дар оила шаҳрвандони мамлакат тарбия меёбанд.

Масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон боиси ташвиш аст. Яке аз сабабҳои ҷудошавӣ агар дуруст ба роҳ намондани тарбияи фарзандон ва омода накардани онҳо ба ҳаёти мустақилона бошад, сабаби асосии дигараш ин мағрурӣ, ҳавобаландӣ, худхоҳии ҷавонони навхона ва ҳамдигарро бахшида натавонистани онҳост. Бинобар ин бисёр зарур аст, ки ба фарзандон аз овони хурсолиашон бахшиданро ёд бидиҳем, то ки онҳо ҳам дар навбати худ ин хислати накӯро ба фарзандони хеш ёд дода тавонанд.

Бахшидан ё гузашт кардан, ин фуру нишондани ҳамагуна қаҳру ғазаб, пешгирии суханони қабеҳ ва ҷанҷолу хархашаҳо, дар ниҳоят пешгирии пошхӯрии оила мебошад. Вале, мутаасифона, дар шароити кунунӣ бисёр шоҳид мешавем, ки навхонадорон барои як сухани пуч, барои як чизи тамоман беарзиш ҷанҷолу хархаша карда, ба ҳамдигар гузашт намекунанд. Ҳатто корро ба оилавайронӣ мерасонанд.

Оё аз ҳамин гуна оилаҳо ба ҷомеа манфиате мерасад? Ҳамчунин аз оилаҳое, ки тарафайн онро кӯр-кӯрона, аз рӯйи ҳавас ва ё андешаҳои ғалате чун «Сарам зери тоқӣ гардад, кифоя» бунёд мекунанд, дар гумон аст, ки барои рушди ҷомеа фоидаи дилхоҳ бирасад, зеро чунин оилаҳо бори масъулияти оиладорӣ, фарзандтарбиякунӣ ва монанди инҳоро ба таври бояду шояд кашида наметавонанд.
Умед аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани фанни «Маърифати оиладорӣ», ки ташаббускораш сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, дар ин самт пешравиҳо ба амал меоянд. Аммо саҳеҳ намешавад, агар мо танҳо бо ҳамин қаноатманд шуда, ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонро, фақат вазифаи мактаб пиндорем. Дар ин масъала мо бе фаъолияти дастаҷамъона ба мақсади ниҳоӣ намерасем. Агар мо мақом ва нақши оиларо дар рушди ҷомеа баланд бардоштанӣ бошем, пас зарур аст, ки ҳамаи сохторҳои дар ҷомеа амалкунанда дар ин самт фаъолияти пайгирона дошта бошанд ва аз рӯйи барномаи пешакӣ мушахасшуда фаъолият намоянд.
Дар хотима гуфтание дорам махсус барои занон, алалхусус наварӯсону ҷавонзанон.
Шумо ҳаргиз ва дар ягон ҳолат зан-–олиҳа буданатонро фаромӯш накунед. Ҳамеша латофату назокату нафосати занонаатонро нигоҳ доред. Кӯшиш кунед, ки чеҳраатон ҳамеша шукуфон, лабонатон хандон, чашмонатон шӯх, табъатон болида бошад. Вобаста ба мавриду ҳолат ҳар ҳаракат, ҳар қадам, ҳар рафторатон пур аз нозу адо, ишваю карашма бошад. Дар мавридҳои зарурӣ ҳатто «Рухсора алови чашмлахча» бошед. Маҳз ана ҳамин гуна хислатҳои Шумо зиндагиро гуворотар, зеботар, ширинтар мекунад. Мардакатонро бештар гирифторатон менамояд ва тобеъи ҳусну ҷамол, нозу адо, ишваю карашмаҳоятон месозад.

Фируза Саттори, [01.12.2023 10:05]
Баъзе занҳои ботаҷриба шавҳари худро шӯхиомез «Кӯдаки аз ҳама калони хона» мегӯянд. Маҳз аз худи шумо вобаста аст, ки ин «кӯдаки калон»-ро чи тавр ба худ рому моил мекунед, бо чӣ усул меҳрашро ба худ бедор месозеду меафзоед ва қавӣ мегардонед. Аз худи шумо вобаста аст, ки ин «кӯдаки калон» худро дар оғӯшатон ва дар болинатон чи тавр ҳис мекунад. Агар ҳам дар аслу ҳам дар маҷоз, оғӯшатон гарму болинатон нарм бошад, бовар кунед, вай воқеан ҳам чун кӯдакон хуморӣ мешавад ва зуд-зуд майли оғӯшу болини шумо мекунад ва худ нафаҳмидаю надониста дар ҳалқаи занҷири ишқу муҳаббататон банд мегардад. Ана, ҳамин бандшавии ӯ, дар ниҳоят яке аз омилҳои пойдории оила мегардад, оилае ки нафъаш барои рушди ҷомеаю давлату халқу миллат бештар мерасад.
Агар ҳамин тавр карда тавонед, - хуш ба ҳолатону зиндагии ҳалолатон!

Ҳасан Юсуфи Файзбахш

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД