Commerce bank may-june 2026
Собиқ ситораи футболи тоҷик Ғуломҳайдаров дар 80-солагӣ даргузашт
16.06.2026
Oila.tj
97

Владимир Ғуломҳайдаров, яке аз чеҳраҳои шинохта ва собиқадори футболи тоҷик, бозигари пешини дастаи “Помир”-и Душанбе ва узви собиқи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шуравӣ дирӯз дар шаҳри Маскав дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Ғуломҳайдаров замони фаъолияти бозигарии худ дар ҳайати дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе, “Торпедо”-и Маскав ва “Помир”-и Душанбе ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайати мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шуравӣ шомил шуда, дар 8 бозӣ 3 гол ба самар расонидааст.

Пас аз анҷоми фаъолияти бозигарӣ Владимир Ғуломҳайдаров ба кори мураббигӣ гузашт. Аз соли 1978 ба тарбияи футболбозони ҷавон машғул шуда, дар солҳои гуногун сармураббии дастаҳои “Помир” ва “Вахш” буд.

Соли 1994 ӯ роҳбарии тими миллии Тоҷикистонро бар уҳда гирифт. Ҳамчунин дар чанд бошгоҳи Қазоқистон низ фаъолияти мураббигӣ дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД