Lmarka 2025
Табибони олмонӣ дар Душанбе ҷарроҳии чашм мегузаронанд
402

Як гурӯҳ табибон аз шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федералии Олмон ба Душанбе омада, дар беморхонаи “Шифобахш” маризони гирифтори иллатҳои чашмро муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

“Ҳадаф аз ташрифи мутахассисони олмонӣ ба Тоҷикистон - ин табодули таҷриба бо табибони тоҷик, гузаронидани як қатор амалиётҳои ҷарроҳии бемориҳои чашм ба шумор меравад”,-иттилоъ додааст манбаъ.

Дар доираи сафари кориашон ба Тоҷикистон табибони олмонӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии “Шифобахш” аллакай ташхису муоина ва чанд амалиёти ҷарроҳии бемориҳои чашмро анҷом додаанд.

Дар доираи ин иқдом дар муассисаи номбурда 30 нафар беморони чашм аз ҷониби мутахассисони олмонӣ ҷарроҳӣ карда мешаванд. Маризоне, ки мехоҳанд аз муоинаи табибони олмонӣ гузаранд, метавонанд ба бинои 2-и Маркази миллии тиббии “Шифобахш” муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД