Arzon march 2024
Тақдими таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ
08.05.2025
Oila.tj
104

Аз ҷониби Намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 227 адад мошини CИПАП (таҷҳизот барои таъмини фишори пайвастаи мусбати роҳҳои нафас) ва 300 адад консентратори оксигенӣ бо лавозимоти иловагӣ тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар маросими тақдими таҷҳизоти мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд иштирок намудаанд.

Зимни қабули таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз ҳамкориҳои судманди вазорат бо ЮНИСЕФ ёдовар шуда, кумаки навбатии ин ташкилоти бонуфузро идомаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба арзёбӣ кардааст.

- Таҷҳизоти мазкур ба 73 муассисаҳои нигоҳубини неонаталӣ дар саросари кишвар тақсим карда шуда, инчунин давраҳои омӯзишӣ доир ба нигоҳубини роҳҳои нафас ва истифодабарии таҷҳизот баргузор мегарданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД