sebiston july new
Тартиби супурдани имтиҳони ронандагӣ дар соли 2024 дигар шуд
627


Қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик маҳз дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунанд. Муҳоҷир ягон кор наёбад ҳам, метавонад мошинеро ба иҷора гирифта, ҳамчун таксист кор кунад ва бо ҳамин роҳ ризқу рӯзии худро ба даст оварад.

Аммо барои машғул шудан бо ронандагӣ дар ин кишвар муҳоҷир ҳатман бояд ҳуҷҷати ронандагии Россияро дошта бошад. Дар соли 2024 тартиби гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ барои муҳоҷирон дар Федератсияи Россия тағйир меёбад.

Мувофиқи қарори ҳукумати Россия шурӯъ аз 1-апрели соли 2024 тартиби гирифтани ҳуҷҷати ронандагии Россия барои муҳоҷирони меҳнатӣ тағйир меёбад.

Шахсони хориҷие, ки (аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ) шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст овардаанд ё иҷозаи расмии ист дар ин кишварро доранд, пас аз 1-апрели соли 2024 наметавонанд бо ҳуҷҷати ронандагие,ки аз кишвари дигар (масалан аз Тоҷикистон) гирифтаанд, дар қаламрави Россия ронандагӣ кунанд, агар аз санаи ворид гаштани шахс ба Россия беш аз як сол гузашта бошад. Бояд гуфт, ки қарори мазкур ба шаҳрвандони Русия низ дахл дорад, ки аз кишвари дигар ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтаанд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони Россия, ки аз кишвари дигар ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтаанд, ӯҳдадор мешаванд, ки ҳуҷҷати ронандагии худро бо ҳуҷҷати ронандагии намунаи русӣ иваз намоянд. Барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ дубора имтиҳон супоридан шарт ва зарур аст.

Яке аз сабабҳои асосии ҷорӣ намудани қоидаҳои нав ба гуфти масъулин, дар он аст, ки ронандагони хориҷӣ, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ аксаран аз супурдани имтиҳони ронандагӣ ва гузаштан аз ташхиси тиббӣ саркашӣ мекунанд.

Шахсоне, ки мехоҳанд мошинҳои боркаш ё автобусро идора намоянд, бояд дар баробари дониши назариявӣ ҳамчунин дониши амалии худро собит намуда, ҳадди ақал як сол собиқаи кор дар мошини сабукрав ё боркашро дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, ки дар аксари минтақаҳои Россия дар таксӣ, автобус ва дигар намудҳои нақлиётӣ ҷамъиятӣ кор кардани муҳоҷиронро манъ карда буданд, вале норасоии шадиди ронандагон боис гашт, ки дубора муҳоҷирони меҳнатиро ба ин соҳа ҷалб намоянд.

Ба қавли намояндаи Шӯрои ҷамъиятии Россия Ирина Зарипова мушкили норасоии ронандагон дар соҳаи нақлиётӣ ҷамъиятӣ аз аввали соли 2023 сар шуда, имрӯз дар ин соҳаи ҳаётан муҳим аз 500 ҳазор то 2, 5 миллион коргар намерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД