Oila Navruz
Ташриф Халилов ба садама дучор гашт(ВИДЕО)
4686
Ташриф Халилов ба садама дучор гашт(ВИДЕО)

Ташриф Халилов ба садама дучор гашт Ҳаҷвнигор ва ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ташриф Халилов дар яке аз минтақаҳои шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) ба садама дучор шуд.

Дар ин бора худи ҳаҷвнигор дар барномаи “Сарнавишт” хабар додааст. Қисми аввали барномаи “Сарнавишт” дар саҳифаи “ASAD FILM” дар шабакаи YouTube пахш гардида, онро наздики 10-ҳазор нафар тамошо кардаанд. Барнома аз ҳаёти оилаҳои нодору камбизоате қисса мекунад, ки рӯзгори сангин доранд. Ташриф Халилов бо кӯмаки ҷамъияти хайриявии “Сабо” ва соҳибкороне, ки берун аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба ин оилаҳо кӯмаки пулӣ мерасонад. “Бадбахтона, дирӯз мо ба садам гирифтор шудем. Дар роҳ истода будем, ки як мошини боркаш омада аз пасамон зад. Хушбахтона, сиҳат саломат ҳастем ва касе осеб надид.


Мо соҳиби хонаю дари обод ва ду писари нозанин ҳастем. Зиндагиамон ширу қаймоқ барин ширин аст, вале як чиз маро...


Дуои шумо ва садақаҳои кардаамон моро наҷот дод”,-мегӯяд Ташриф Халилов дар рафти сӯҳбат. Ҳоли ҳаҷвнигор ва нафароне, ки дар мошин ҳамроҳаш буданд, хуб аст ва касе зарари ҷисмонӣ надидааст. Дар охир ёдрас мешавем, ки ин нахустин кори хайри Ташриф Халилов нест ва ӯ қаблан низ ба чунин корҳои савоб машғул буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД