arzon replenishment
Таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия пулакӣ мешавад?
831

Чанд нафар депутатҳои Думаи давлатии Русия бо сарварии Дмитрий Кузнецов, ки аз ҳизби “Справедливая Россия — За Правду” намояндагӣ мекунад, маҷмуи пешниҳодҳои худро дар масъалаи мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон ба сарвари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрыкин пешниҳод кардаанд.

Дар номаи депутатҳо ба Бастрыкин омадааст, ки назар ва андешаҳои ӯ барои омода намудани пешниҳодҳои мушаххас баҳри ҳалли мушкилоти муҳоҷират дар сатҳи давлатӣ дар моҳи декабри соли равон хеле муҳим аст.

Депутати Думаи давлатии Русия Дмитрий Кузнецов дар якҷоягӣ бо ҳамтоёнаш Михаил Делягин (СРЗП), Олег Леонов (ЛДПР), Василий Власов (ЛДПР) ва Михаил Матвеев (КПРФ) маҷмуи пешниҳодҳоро дар масъалаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон пешниҳод намудаанд.

Дар ин бора худи Дмитрий Кузнецов дар телеграмм хабар дода, навиштааст: “Мо тамоми пешниҳодҳоро дар як ҳуҷҷати ягона гирд оварда, аз номи ҳамтоёнамон аз СРЗП, Новые люди, ЛДПР ва КПРФ ба сарварони мақомотҳои давлатӣ пешниҳод кардем. Санаи 9 ноябр мансабдоронро дар мизи гирд интизорем, то нуқтаи назари онҳоро низ дар ин мавзу бифаҳмем. Аз натиҷаи ин гуфтушунид лоиҳаҳои қонунро тайёр мекунем, вале пинҳон намекунам, ки баъзе аз ин лоиҳаҳо аллакай омодаанд”.

Ташкил кардани як институти махсуси назорат аз болои раванди муҳоҷират дар назди Президенти Русия, зиёд кардани нуфузи мардуми маҳаллӣ дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, назорати ҳаракати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, ҷорӣ намудани раводидҳои корӣ ва меҳмонӣ, доштани даъватнома аз корфармо барои омадан ба Федератсияи Россия ва пулакӣ кардани мактаб ва боғчаҳои бачагона барои фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи пешниҳодҳои асосии ин депутатҳои Думаи давлатии Русия мебошанд, ки қонунӣ гардониданашонро тақозо доранд.

Дар баробари ин Дмитрий Кузнецов ва ҳамақидаҳояш мехоҳанд қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар бахши маориф, аз ҷумла дар боғчаҳои бачагон ва мактабҳо, ҳамчунин таксӣ қонунан манъ карда шавад.

Талаби дигари депутатҳои рус он аст, ки тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд, сарфи назар аз он ки дар ватани худашон хизмат кардаанд ё не, ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия ҷабл карда шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД