35 years of independency
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
10.11.2026
оила.тч
68

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

ImonLine: кешбэки то 10% ва 20 ҷоизаи пулӣ, ҳар кадом 500 сомонӣ, ҳар моҳ

Пардохтҳои ҳаррӯза метавонанд аз он чизе, ки шумо фикр мекунед, фоидаовартар бошанд! Бонки «Имон Интернешнл» барои истифодабарандагони ImonLine аксияи навро оғоз менамояд, ки фоидаи ҳаррӯзаро бо имконияти бурди ҷоизаи пулӣ муттаҳид мекунад.

Харид ва хизматрасониҳои худро тавассути ImonLine пардохт кунед, кешбэк гиред ва дар қуръакашии ҷоизаҳои пулӣ ҳар моҳ иштирок намоед!

Пардохтҳо бо фоида — ҳар рӯз

Бо ImonLine ба даст овардани фоидаи иловагӣ осон аст. Пардохтҳои ҳаррӯзаи худро анҷом диҳед ва як қисми маблағи сарфкардаатонро ҳамчун кешбэк бозпас гиред:

  • 3% кешбэк — ҳангоми харидҳои ҳаррӯза тавассути QR-код. Масалан, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, таҳсил ва техникаи маишӣ, инчунин ҳангоми пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ
  • 10% кешбэк — ҳангоми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ тавассути QR-код.

Харидҳо, ҳисобҳо ва хароҷоти ҳаррӯза боз ҳам фоидаовартар мешаванд, вақте ки паси амалҳои маъмулӣ манфиати иловагӣ меистад.

Зиёда аз 7 амалиёт — ва ту дар бозӣ ҳастӣ!

Ҳар рӯз аз ImonLine истифода мебаред? Пас, шумо боз як сабаб доред, ки пардохтҳоро ба баъд нагузоред!

Зиёда аз 7 амалиётро тавассути ImonLine анҷом диҳед ва ID-и иштирокчии қуръакаширо гиред. Дар охири ҳар моҳ 20 ғолиб интихоб карда мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо 500 сомонӣ мегиранд. 3 моҳ ва 60 ғолиб!

Мо ID-и ғолибонро дар саҳифаи расмии Instagram ва канали Telegram-и Бонки «Имон Интернешнл» нашр мекунем. Хабарҳои моро пайгирӣ кунед, то натиҷаҳоро санҷед ва бифаҳмед, ки бахт ба кӣ табассум кардааст.

Ҳар қадар фаъолтар аз ImonLine истифода баред, ҳамон қадар имконияти шумо барои ғолиб шудан бештар мешавад. Пардохтҳои ҳаррӯзаи худро тавассути замима анҷом диҳед, кешбэк гиред ва имконияти бурди ҷоизаро аз даст надиҳед!

Бонки «Имон Интернешнл» хизматрасониҳои молиявии рақамиро на танҳо қулай, балки барои мизоҷон боз ҳам фоидаовартар мегардонад.
Муовини Раиси Раёсат / Директор оид ба тиҷорати рақами ҶСП «Бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» Тагаев Азалшо Анварович қайд мекунад: «Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ — қисми муҳими табдили рақамии соҳаи молиявии Тоҷикистон аст. Мо вазифаи худро дар он мебинем, ки пардохти ғайринақдиро ба қисми маъмулии ҳаёти ҳаррӯза табдил диҳем: фаҳмо, дастрас ва фоиданок барои ҳар кас. Бо рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва оғози ташаббусҳое, ба монанди ин аксия, Бонки «Имон Интернешнл» гузариш ба усулҳои муосири пардохтро дастгирӣ мекунад ва ба ташаккули фарҳанги пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат менамояд»

Пардохтҳои ҳаррӯзаи шумо метавонанд бештар фоида оваранд. ImonLine-ро боргирӣ кунед ва кешбэк гирифтанро оғоз намоед!

ImonLine — бо фоида пардохт кунед. Иштирок намоед ва бурд кунед!

Қоидаҳои пурраи аксия: истинод

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД