sebiston july new
ТИКА ДАР РАМАЗОН БА ТОҶИКОН ХАЙР КАРД!
29.04.2022
Оила
917
ТИКА ДАР РАМАЗОН БА ТОҶИКОН ХАЙР КАРД!

ТИКА ба ятимону маъюбони тоҷик
орду равғани ройгон дод
Анӯшервони Одил аз вазири донишмандаш Бузургмеҳри Ҳаким мепурсад:

-Тавонгар кист?

Вазири доно посух медиҳад:

-Оне, ки ба ҳама некӣ мекунад ва бо кору амалҳои хайру савобаш номи худро ҷовидонӣ дар китоби дили одамон сабт месозад.

Дар ҳақиқат дастгирии маъюбон, ятимон, пирони барҷомонда, одамони бе касу кӯй, модарони танҳо, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, на танҳо амали хайру савоб, балки яке аз рисолатҳои азалии одамизод буда, некиву накӯкорӣ обрӯву шараф меорад ва накӯкорон ҳамеша дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор доранд. Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар моҳи мубораки рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст, амали некеро анҷом дода, дар доираи барномаҳои башардӯстонаи худ ба мардуми тоҷик дар ҳаҷми 45 тона маводи ғизоӣ кӯмак расонид.

 

photo_2022-04-29_17-03-59_1

Орду равғани ройгон ба ятимону бечорагон

ТИКА дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 1500 бастаи хӯрокаро, ки аз маводҳои ниёзи аввал аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон, гречка, лӯбиё, мош, чойи сиёҳ, чойи кабуд, хамираи помидор, намак, ҳалво ва хурмо иборат буданд, ба мардуми ниёзманди тоҷик тақдим намуд. Кӯмакҳои башардӯстонаи Тика асосан ба сокинони се минтақа-шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Айнию Ёвон равона гашта, ба ятимон, маъюбон, беморон, пирони барҷомонда, одамони бе касу кӯй, модарони танҳо ва оилаҳои ниёзманд тақсим карда шуданд.

Мо шоҳиди бевоситаи ин амали хайр гашта, бо чашми худ медидем, ки чӣ тавр бо гирифтани орду равғани ройгон ва бастаи пур аз маводи хӯрока дар лабони модарони фарзанди маъюб дошта, ятимон, мӯйсафедон ва сарони оилаҳои калони камбизоат табассум гул карда, дар ҳаққи соҳибони хайр, ки дар чунин замони душвори иқтисодӣ ба онҳо дасти мадад дароз намуданд, дуои хайр мекарданд.


photo_2022-04-29_17-04-08

Замира Соҳибова:

Савоби писари маъюби маро гирифтанд

Диққати моро зани ҷавоне ба худ ҷалб намуд, ки бо чеҳраи заҳир аробачаи маъюбиро кашолакунон меовард. Дар аробача писарчаи тахминан 10-12-сола нишаста буд ва аз ҳаракатҳои ногирояш маълум буд, ки ба фалаҷи кӯдакона гирифтор аст. Дар рафти сӯҳбат маълум шуд, ки ин зан Замира Соҳибова буда, дар маҳаллаи Маяковскии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст ва писараш Ҷалолиддин модарзод маъюб ба дунё омада, айни замон 14 сол дорад.

-Азбаски фарзанди маъюб дорам, наметавонам дар ягон ҷо кор карда, дар кашидани аробаи зиндагӣ ба шавҳарам ёрӣ расонам. Худатон нағз медонед, ки нигоҳубини кӯдаки маъюб чӣ қадар душвор аст. Маоши шавҳарам баъзан ба харидани доруву дармони писарам ҳам кифоят намекунад. Раҳмат ба ТИКА, ки дар чунин замони душвори иқтисодӣ ба ман барин ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намуданд ва орду равғану хӯрокаи ройгон доданд. Ҷалолиддини ман забони гӯё надорад, ки раҳмат гӯяд, вале мо, аҳли оила ҳама рӯзадорему дар ҳаққи соҳибони хайр дуои нек мекунем, ки ҳамеша корашон пешрав бошад,-мегӯяд Замира, модари Ҷалолиддин.

Раҳмат, ки мӯйсафедони бе касро фаромӯш накарданд!

Гадомамад Гулмамедов аҳли Бадахшон буда, 85 сол дорад. Худованд ин марди хушгуфторро аз беҳтарин неъмат-фарзанд бенасиб гардонидааст. Ҳамсараш 6 сол пеш бар асари бемории саратон аз олам гузашта, мӯйсафед тани танҳо зиндагӣ мекунад ва дастгиру мададгоре надорад. Ҳамагӣ 330 сомонӣ нафақа мегирад ва ба гуфти худаш зиёда аз нисфи ин маблағ ба пардохти ҳаққи барқу об ва дигар хароҷотҳои коммуналӣ сарф мешавад. Амаки Гадомамад ба касалии қанд гирифтор буда, чашмонаш низ хира шудаанд. Бо сабаби заъфи пирӣ ва беморию хирагии чашм имкони ёфтани ягон манбаи дигари даромадро надорад, аз ҳамин хотир орду равған ва хӯрокаи ройгоне, ки аз ҷониби ТИКА барояш тақдим гашт, барои ин марди солманди танҳо як туҳфаи осмонӣ аст.

“Кошкӣ чунин ташкилотҳои хайрхоҳ бештар шаванд ва дасти ман барин одамони бе фарзанд ва яккаву танҳоро бигиранд,”-мегӯяд амаки Гадомамад Гулмамедов.

Бобои Саидқул чӣ мегӯяд?

Таваҷҷӯҳи маро марди солхӯрдае ба худ кашид, ки риши барф барин сафедашро панҷа зада, интизори навбати худ буд. Вақте ки халтаи орд ва зарфи 5 литраи равғанро ба дасташ дода, қуттии пур аз хӯрокаро пешаш гузоштанд, чеҳрааш якбора кушода шуд ва “мани мӯйсафед дар фикри чӣ тавр гузаронидани иди рамазон будам, хайрият, ки мушкили маро осон кардед. Илоҳо барака ёбед, зану духтараконам аз ин орду равған дар ид кулчаву ҳалво пухта, дар ҳаққи соҳибони хайр албатта дуои нек мекунанд” гӯён, гаштаву баргашта миннатдорӣ баён менамуд. Аз сӯҳбат бо мӯйсафед маълум гашт, ки Саидқул Амонқулов ном дошта, умраш аз 80 гузаштааст, вале фарзандонаш ҳанӯз ноболиғ мебошанд.

“Хонаам дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва бояд имрӯз ба қабули раиси шаҳр мерафтам, вале хабари орду равғани ройгонро шунида, ба ин ҷо омадам, чунки на ҳар рӯз чунин хайрияҳо насиби мо, оилаҳои ниёзманд мегарданд. Фарзандонам ҳанӯз ноболиғанд ва дар мактаби миёна мехонанд. Зӯрам ба таъмин кардани оила намерасад. Раҳмат ба ТИКА, ки дасти ман барин одамони ниёзмандро гирифта, хӯрокаи бе пул дод. Илоҳо корашон ҳамеша пешрав бошад,”-гуфт бобои Саидқул.

Оилаҳое ҳастанд, ки 3-4 маъюб доранд

Алидодова Латофат Мамадюсуповна, сардори шуъбаи хизматрасонӣ дар хонаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни сӯҳбат ба мо иброз намуд, ки аз ноҳияи Фирдавсӣ 70 нафар ниёзмандон, ки дар байнашон оилаҳои ду-чор маъюб дошта, пирони бе касу кӯй ва кӯдакони имконияташон маҳдуд хеле зиёданд, барои гирифтани кӯмаки аз ҷониби ТИКА ҷудошуда номнавис карда шудаанд. Алидодова аз номи тамоми табақаи осебпазири ноҳияи Фирдавсӣ ба ТИКА барои кӯмакҳои ғизоияш ба мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, иқдоми хайри ин ташкилотро амали ҷавонмардона номид.

photo_2022-04-29_17-04-03_1
Иброҳим Эмбир:
ТИКА танҳо бо хайрия қаноат намекунад
Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ташкилоти бузургест, ки танҳо бо расонидани кӯмакҳои ғизоии башардӯстона ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ қаноат намекунад. Тавре ки Иброҳим Эмбир, намояндаи расмии ин ташкилот дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, Дафтари ҳамоҳангсозии барномаи ТИКА аз соли 1992 дар шаҳри Душанбе мувофиқи афзалиятҳо, ниёзҳо ва ҳадафҳои рушди Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум беш аз 600 лоиҳаро амалӣ менамояд. Дар баробари кӯмакҳои башардӯстона, ки ҳамасола ин ташкилот дар моҳи шарифи рамазон ба мардуми тоҷик мерасонад, Тика ҳамчунин дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, таъмини мардум бо оби нӯшокӣ, таълими касбӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Ҳадафи ин ташкилот кӯмак расонидан дар ҳалли мушкилоти бекорӣ, ҷалби мардуми тоҷик, махусан ҷавонон ва занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва дар маҷмӯъ ба қадри имкон саҳм гузоштан дар беҳдошти зиндагии мардум мебошад.
Умедворем, ки бо дуои неки мардуми тоҷик кори ин ташкилоти хайрхоҳ боз ҳам пеш рафта, муваффақият ҳамсафари ҳамешагиашон мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД