arzon replenishment
ТӮҲМАТИ ҚИСМАТСОЗ (ҚИСМИ 3)
2717

ИДОМААШ...

Онҳо аз шаҳри Ярослав буданд. Муаллим ба хонаи ин марди тавонои рӯс, ки давлати зиёде дошт ба кор даромад. Муаллимро ба бустонсарои навсохташ бурда монд. Ба муаллим ду саги калони хӯҷаин низ ҳамроҳ буд.

Хуҷаин ба ӯ бовар карда тамои калидҳои хонаашро дод. Чанд супорише дод ва таъкид кард, ки сагонаш гурусна намонанд.

Баъди рафтани соҳибони хона муаллим ба болои кат нишаста дилаш лабрези ғам гашту бо овози баланд ба гиря кардан даромад. Хело гиря кард ва чашм кушода нигоҳ кард, ки ду овчаркаи калони немисӣ бо ҳайрат ҷониби ӯ нигоҳ мекунанд. Гардани ду сагро гирифта боз хело гиря карду дилашро сабук кард.

Замини бустонсарой шаш сотих буд. Муаллим либосҳояшро иваз карда аз паи побел кардани замин ва обод кардани ин бустонсарой шуд. Тамоми ҷойҳои ноҳамвори заминро ҳамвор кард. Ҷӯякчаҳои нав кашид. Ҷойҳои кафидаи девор ва аз боду борон зарардидаро таъмин намуд. Аллами худро аз кор мегирифт. Тамоми маҳсулоти хӯрока муҳайё буд. Баъди ранг кардани деворҳои хонаҳо намуди хонаҳо дигар шуд. Кадом устои навкоре аксари дарҳоро нодуруст шинонида будааст, ки нағз пӯшида намешуданд ва қулф кардани дарҳо имкон нопазир буд.

   Дару тирезаҳоро аз сари нав канда дуруст кард. Дарвозаи калонро низ ранги дилхоҳе чун дигар дарвозаҳои ҳамсояҳо дошта зад.

Хуҷаин баъди се моҳи сафари хориҷа ба бустонсарояш омад. Вай ба даруни бустонсарой даромада бо ҳайрат ба чор тарафи хонаҳои ободшуда ва замини ҳамвору гул шинонида нигоҳ мекард. Бовар намекард, ки ин бустонсарои вай бошад. Роҳбари посбонҳои бустонсарой, ки бо муаллим рафиқ шуда барои дастрас кардани бисёр маҳсулотҳои сотмонӣ кумак карда буд аз дар даромада ба марди рӯс, ки Иван Федрович Глазнов буд нигариста:- Иван ту ин бачаи меҳнатиро аз куҷо пайдо кардӣ? Кори даҳ нафарро худаш танҳо иҷро кард. Мегӯяд, ки барои ин корҳояш пул намегирад. Танҳо барои посбон буданаш маош мегирифтааст. Афсус, ки ҷавонони руси мо чунин тарбият намеёбанд. Тоҷикбачаи меҳнатӣ будааст. Хонаатро дар се моҳ обод кард. Мабодо хафа накунӣ! Агар забони русиро медонисту дар ширкатат коргар мешуд корат боз равнақ меёфт. Ҳамаи ин суханҳоро муаллим мешунид ва ношунида мегирифт. Ба сари мизи хӯрокхурӣ нишастанд. Иван Федрович мехост, ки ду хонаи алоҳидаи замонавӣ созад. Вай тарҳи хонаро аз Олмон оварда буд. Навиштаҳо танҳо бо забони олмонӣ ва англисӣ буд. Ду лоиҳакаши рус омада мувофиқи нақшаи овардаи Иван Федрович ба кор шуруъ карданд. Лоиҳакашони рус англисиро хуб намедонистанд ва аз рӯи тахмини худ гап мезаданд. Муаллим хомӯшона ба нақша нигоҳ мекард ва нақшаро ба даст гирифта тамоми дастурамалро мутоила кард. Тахмин кард, ки лоиҳакаши ҷавони рус мақсади дар лоиҳа бударо хуб намефаҳманд. Агар вай аз рӯи нақшаи додашуда кор накунад тарҳи бино чун асли хуҷаин хоста зебо намеояд. Хуҷаин ба ҳар эҳтиёт аз муаллим андаке худро дур мегирифт. Фар мегузошт. Дар вақти муҳокимаи лоиҳа муаллим дигар тоқат карда натавонист ва ба забони руси ба гап даромад. Аз тоза гап задании муҳоҷирбачаи тоҷик ҳама ҳайрон буданд. Вай лоиҳаро аз забони англисӣ ба руси тарҷума кард. Лоиҳакаши рус аз ин шод шуд. Ба ғазб наомада ба забондонии муҳоҷирбача офарин гуфт. Муаллим соҳиби маълумоти олӣ буданашро гуфт. Иван хомӯш буд. Худашро одамшинос мегирифт. Занашро таъна мезад, ки дӯсту душманро ҷудо карда наметавонад. Имрӯз фаҳмид, ки занаш одамшинос будааст. Баъди адои кор хуҷаин муаллимро гирифта ба хонааш бурд. Дар назди занаш ин ҷавонро таъриф кард ва гуфт, ки вай дигар посбони он бустонсарой намешавад. Муаллим тарҷумон ва ёрдамчии хуҷаин таъин гардид. Сару либосаш дигар шуд. Додаронашро ба наздаш даъват карда ба ҷои худ ба бустонсарой бурда монд. Барои такмили ихтисос чандин маротиба ба Англия ва Олмон рафт. Дигар вай озод бо забонҳои немисӣ ва олмонӣ ҳарф мезад. Ширкати тиҷоратии онҳо хеле хуб ба кор рафт. Аз шаҳри Москва муаллим барои худ хонаи се ҳуҷрадорро харид. Албатта ёрдами Иван Федрович ва зани ӯ Оксана Гиригоровна барои ривоҷу равнақи кори муаллим калон буд.

   Муаллим 8-сол дар Россия буд. Дилаш аз деҳа монад буд. Аз макри директор бохабар шуда ӯро чашми дид надошт. Директор ба нафақа баромад. Як нафари дигар директор таъин гардид. Соррои тӯҳматчиро касе намегирифт. Барои бебахт шуданаш директорро гунаҳгор мекард. Директор вайро келин мекунам гуфта ваъда дода буд. Бегуноҳ будани муаллим ошкор шуд.

   Муаллим бо ҳамроҳии ду бародараш дар муҳоҷират кор карда хонаву дари дар деҳа будаашро обод кард. Хоҳаронашро ба шавҳар дод. Бародаронашро низ оиладор кард. Пеш аз сафари ҳаҷ падару модараш духтари зебои деҳаро ба муаллим номзад карданд. Тӯи муаллим бо шукӯҳ гузашт.

   Муаллим анъанаро вайрон карда дар шабе туяш сухан кард. Директории мактабро нафрин накарда, ба хонаи ӯ рафта ӯро хабар гирифт. Ба ӯ офарин гуфт, ки сабаби пешрафти кори муаллим гашт.

   Ба ҷавонони деҳа аҳамияти донистани забон ва дониш доштанро гуфта дод. Маҳз босавод буданаш ва забондониаш ӯро ба қуллаҳои баланд бурда расонид.

АНҶОМ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД