Мунтахаби футболи Тоҷикистон ба як дастоварди таърихӣ ноил шуд. Дастаи мунтахаби кишвар дар бозии дӯстона тими миллии Чинро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Вохӯрӣ 6-уми октябр дар шаҳри Чунгчинги Чин баргузор шуда, голи ягонаи бозиро Ваҳдат Ҳаннонов ба самар расонд.
Ин аввалин пирӯзии Тоҷикистон бар Чин дар таърихи дидорҳои мунтахабҳо ба ҳисоб меравад. То ин бозӣ ду даста 5 маротиба бо ҳам рӯ ба рӯ шуда буданд: Чин дар се бозӣ пирӯз шуда, ду вохӯрии дигар бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфта буд.
Барои Тоҷикистон ин сеюмин бозии дӯстона дар рӯзҳои тирамоҳии ФИФА буд. Дар ду дидори қаблӣ мунтахаби кишвар аз Озарбойҷон бо ҳисоби 0:1 ва аз Фаластин бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуда буд.
Ҳоло мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup» идома медиҳад. Ин мусобиқа аз 9 то 17-уми ноябр дар Тайланд баргузор шуда, дар он мизбон, инчунин тимҳои Уммон ва Баҳрайн иштирок мекунанд.