Варзишгарони тоҷик дар VI Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён дар Қирғизистон соҳиби се медали биринҷӣ шуданд.
Наврӯзи Каримзод дар вазни то 84 кг дар гӯштини қирғиз-кураш медали биринҷӣ гирифт. Тӯйчибой Норқулов (90 кг) ва Наврӯз Эшбеков (100 кг) дар гӯштини рӯйи асп соҳиби ду нишони дигари биринҷӣ гардиданд.
Мусобиқа идома дорад ва варзишгарони тоҷик барои медалҳои дигар талош доранд.