Formula july 2024
Тоҷикистону Русия дар масъалаи муҳоҷирон ба тавофуқ расиданд
1813

Дирӯз дар шаҳри Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир гашт.

Музокирот таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев доир гашта, дар он намояндагони дигар вазорату идораҳои масъул низ ширкат доштанд.

Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, дар ҷараёни даври дуюми музокирот вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ҳамоҳангсозии маълумотҳои оморӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолияти муваққатии меҳнатӣ анҷом медиҳанд, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия ва густариши ҳамкориҳо оид ба рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Иштирокчиён оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон андешаҳои худро иброз доштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД