Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз вақти муносиб аст, ки муносибатҳои худро гармтару шавқовартар гардонед. Шояд муддати зиёд бо шахси дӯстдоштаатон вақт нагузарондаед. Ба ҳар кас зуд бовар накунед ва пул қарз надиҳед. Баъзе мушкилиҳо аз бепарвоӣ сар мезананд, бинобар ин корҳои худро ба тартиб дароред. Вазъи молиявӣ беҳтар мешавад, вале талаботу хоҳишҳои шумо низ зиёд мегарданд. Барои оромии асаб ва хоби хуб истироҳат ё атрҳои хушбӯй таъсири мусбат мерасонанд.
Савр (21 апрел-21 май)
Муҳаббатро ба зиндагии якранг табдил надиҳед. Бо шахси дӯстдошта вақти бештар гузаронед ва хотираҳои хуб эҷод намоед. Имрӯз ҳам корҳои хона ва ҳам вазифаҳои корӣ диққати зиёд талаб мекунанд. Гарчанде рӯз серташвиш мешавад, натиҷаи заҳмататон шуморо шод мегардонад. Сафар ё мулоқоти корӣ метавонад фоида оварад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, махсусан агар бемории дил дошта бошед. Мева ва маҳсулоти дорои витамини С бештар истеъмол кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз кӯшиш кунед оромтар бошед ва аз баҳсҳои нолозим дурӣ ҷӯед. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки худро аз дигарон боло нагиред. Агар ҳоло ҳам барои расидан ба ҳадафҳоятон талош кунед, заҳмататон дар оянда ҳатман самар медиҳад. Баъзеҳо метавонанд ба корҳои шумо халал расонанд, вале шумо ба ҳар ҳол муваффақ мешавед. Ба саломатӣ диққат диҳед. Рӯз барои парҳези сабук, поксозии организм ва истироҳати рӯҳӣ мувофиқ аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз имкониятҳои зиёди шиносоӣ ва вохӯриҳои нав пайдо мешаванд. Танҳо бо эҳсосоти одамоне, ки барои шумо муҳим нестанд, бозӣ накунед. Суҳбат бо хешовандон ва дӯстони наздик рӯҳияатонро болида месозад. Корҳоро ҷамъ накунед, вагарна баъдтар мушкил зиёд мешавад. Давраи хуб барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ оғоз меёбад ва эҳтимоли пайдо кардани манбаи нави даромад вуҷуд дорад. Ҳангоми истифодаи техника ва асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошед.
Асад (23 июл-23 август)
Нафарони танҳо имрӯз метавонанд шахси муносиберо пайдо кунанд. Барои ин танҳо лозим аст аз тарсу дудилагӣ халос шавед. Дар оила эҳтимоли баҳс вобаста ба хароҷот ё харидҳо вуҷуд дорад, вале бо сабр ҳама чиз ҳал мешавад. Каме аз кор истироҳат кунед, зеро асабҳоятон хаста шудаанд. Агар муддати дароз хариди калон анҷом додан мехостед, имрӯз вақти муносиб аст. Ба ғизо диққат диҳед ва аз хӯрокхӯрии дерҳангом худдорӣ намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз бо шахси дӯстдошта баҳс накунед, зеро ҳатто нофаҳмии хурд метавонад муносибатҳоро сард кунад. Ба худ бовар дошта бошед ва ба ҳар маслиҳат зуд бовар накунед. Рӯз барои банақшагирӣ, бастани шартномаҳо ва пайдо кардани шиносоии муфид бисёр мувофиқ аст. Шумо метавонед бо суханони худ дигаронро ба тарафи худ ҷалб намоед. Каме хастагӣ ё бемадорӣ эҳтимол дорад, вале рӯҳафтода нашавед. Барои худ вақт ҷудо карда, хуб истироҳат кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар муносибатҳои доимӣ имрӯз эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад, вале муҳаббати ҳақиқӣ аз ин имтиҳон мегузарад. Баъзе мушкилиҳои майда, мисли вайрон шудани техника ё корҳои хона, асабатонро хаста мекунанд. Рӯз барои анҷом додани корҳои нотамом ва суҳбат бо наздикон мувофиқ аст. Эҳтимол роҳбарият ё шарикон заҳматҳои шуморо қадр намоянд. Ба орзуҳои худ бештар диққат диҳед, зеро ҳоло метавонед худро ба муваффақият омода созед. Машқи ҷисмонӣ ба ором шудани асабҳо кумак мекунад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нафарони танҳо метавонанд имрӯз муносибати нави ошиқона оғоз кунанд. Гарчанде ин ишқ ҷиддӣ набошад ҳам, ба шумо лаҳзаҳои хуш мебахшад. Бо ҳамсояҳо ё одамони атроф кори муштарак пайдо мешавад. Дар ҷои кор ҳама чиз хуб пеш меравад, вале шом ҳатман истироҳат кунед. Пеш аз хароҷот ё қарорҳои молиявӣ имкониятҳои худро бодиққат арзёбӣ намоед. Эҳтимоли шамолхӯрӣ ё дарди гулӯ вуҷуд дорад, бинобар ин худро эҳтиёт кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз беҳтарашт эҳсосотро зери назорат гиред ва шахси дӯстдоштаро аз ҳад зиёд идеалӣ тасаввур накунед. Муносибат бо наздикон каме ноором шудааст, бинобар ин сабр ва фаҳмиш лозим аст. Ҳамкорон ва роҳбарият шуморо хуб дастгирӣ мекунанд. Эҳтимол шиносе аз шумо кумак пурсад. Вазъи молиявӣ ҳоло чандон устувор нест, аз ин рӯ харидҳои беҳударо ба таъхир гузоред. Шумо имрӯз пурқувват ҳастед ва метавонед мушкилоти зиёдро ҳал намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар имрӯз танҳо дар бораи худ фикр кунед, эҳтимоли баҳс бо шахси наздик зиёд мешавад. Ба атрофиён бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Шумо бояд байни корҳои хона ва вазифаҳои корӣ тавозун пайдо кунед. Имрӯз хоҳиши нишон додани истеъдод ва беҳтар кардани вазъи молиявӣ зиёд мешавад. Имкони хуб барои пешрафти кор ва даромад пайдо мегардад. Барои саломатӣ машқи саҳаргоҳӣ, сайругашт ё рафтан ба толори варзиш бисёр фоидаовар хоҳад буд.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз эҳтимол бо шахси ҷолибе шинос шавед, вале ин эҳсос бештар шавқи кӯтоҳмуддат мешавад. Дар баъзе оилаҳо баҳсу нофаҳмиҳо пайдо мешаванд, бинобар ин суханони сахт нагӯед. Қувва ва нерӯи шумо зиёд аст ва муносибати ғайриодӣ ба кор метавонад натиҷаи хуб диҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз таваккал кардан дурӣ ҷӯед. Стресс ва эҳсосоти манфии рӯзҳои охир ба саломатӣ таъсир расонда метавонанд, аз ин рӯ бештар истироҳат кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз нисбат ба худ ва шахси дӯстдошта ростқавл бошед. Шояд чизе дар дил доред, ки оромӣ намедиҳад. Шумо имрӯз бисёр хушсухан мешавед ва дар баҳсу суҳбатҳо ба осонӣ пирӯз мегардед. Муносибатҳои оилавӣ оромтар ва устувортар мешаванд. Дар кор пурэнергия ҳастед ва фаъолияти шумо бе таваҷҷуҳ намемонад, гарчанде баъзеҳо метавонанд ба шумо ҳасад баранд. Машғулияти дӯстдошта ва рӯҳияи хуб ба саломатии шумо таъсири мусбат мерасонанд.