Arzon march 2024
Торти «Соли нав»
1539

                Маҳсулоти лозима:

Барои хамир:

3 тухм, 100 г шакар, 150 г орд.

Барои малҳам: зардии 5 тухм, 2 қошуқ орд, 3 ст шир, сафедии 5 тухм,

1 ст шакари кӯфта, 250 г равғани маска.

                      Тарзи таҳия:

Сафедиҳои тухмро бо шакар лат зада, зардиҳои тухмро боэҳтиёт яктогӣ илова кунед. Ордро кам-кам андохта, аз хамири ҳосилшуда се кулча пазед. Барои малҳам: Зардиҳои тухмро бо шакар лат зада, орду ширро илова намоед ва нағзакак омехта карда, дар буғоб нигоҳ доред, то ки ғафс шавад. Баъди хунук шудан сафедиҳои тухмро ба хокаи шакар лат зада, ванилину равғани мулоими маскаро илова намоед ва ба омехтае, ки аз зардиҳои тухму шакару шир пухта шудааст, якҷоя кунед. Малҳамро ба кулчаҳои пухта молида, тортро мувофиқи табъ оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД