Commerce bank may-june 2026
Ҳунарманде, ки таъриху тамаддунро муаррифӣ мекунад
98

Фахриддин Латифов яке аз ҳунармандони соҳибтаҷрибаи Истаравшан буда, дар самтҳои рассомӣ, барелйефнигорӣ ва кандакорӣ фаъолият мекунад. Ӯ аз хурдӣ ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, барои аз худ намудани нозукиҳои касб пайваста кӯшиш намудааст.

"Аз хурдӣ ба расмкашӣ шавқ доштам. Ҳамеша кӯшиш мекардам чизҳои дидаамро тасвир намоям. Баъдтар дар маҳфили рассомӣ, ки дар собиқ бинои Қасри фарҳанги шаҳр баргузор мешуд, 3 сол таҳсил намудам. Сипас дар Омӯзишгоҳи касбии техникии шаҳри Истаравшан (ҳозира Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан) 3 сол ҳунари гаҷкориро омӯхтам. Баъдан назди усто Алӣ Яҳёев рафта, аз нозукиҳо кандакорӣ низ баҳравар шудам. Шавқу рағбатам ба ҳунарҳои зебои миллӣ боис гашт, ки тамоми ҳаётамро ба санъат бахшам",- изҳор дошт Фахриддин Латифов.

Фахриддин Латифов аз соли 2010 ба ҳунари барелйефнигорӣ рӯй оварда, 16 сол мешавад, ки ба ин пеша машғул аст. Ӯ дар асарҳои худ бештар манзараву мавзеъҳои таърихиву сайёҳии кишвари азизамон Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри бостонии Истаравшанро тасвир мекунад.

Қаҳрамони мо дар асарҳояш бештар аз жанрҳои маъмули барелйеф, "пейзаж" ва "натюрморт" истифода мебарад. Ӯ табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, рӯдҳои мусаффо, ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистон, дараҳои сабз, шаршараҳо, боғҳои мевадиҳанда, деҳаҳои хушманзара ва ёдгориҳои таърихиро фаро мегирад. Ӯ инчунин манзараҳои кишварҳои Аврупоро тасвир намуда, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихии онҳоро низ дар асарҳои худ инъикос кардааст. Ҳадафи асосии рассом муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои табиати нотакрор ва имкониятҳои бузурги сайёҳӣ мебошад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Фахриддин Латифов барелйефнигорӣ мебошад. Барелйеф як навъи санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ буда, тасвир дар рӯйи девор офарида мешавад.

Барелйеф асосан аз гаҷ, семент, фуген ва баъзан дигар маводи сохтмонӣ сохта мешавад. Дар ин навъи санъат нақшу нигор ва тасвирҳо аз сатҳи девор каме берун ва ба қавле ба шакли "зинда" тасвир меёбад.

"Барелйефро асосан аз гаҷ омода мекунанд. Барои офаридани он ҳунарманд бояд аз нозукиҳои ҳунари кандакорӣ низ воқиф бошад. Зеро гаҷро дар рӯйи девор тавассути асбобҳои махсус гузошта, баъдан онро кандакорӣ мекунанд. Аз рӯйи расм ё ангораи тасвир карда метарошанд",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар барелйефҳо бештар манзараҳои табиат, қасру кӯшкҳо, рӯйдодҳои таърихӣ, меваҳо, гулҳо ва дигар унсурҳои ороишӣ тасвир карда мешаванд. Солҳои охир истифодаи барелйеф дар хонаҳои истиқоматӣ, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва қасрҳои фарҳангӣ зиёд гардидааст.

Фахриддин Латифов бар ин назар аст, ки барелйеф на танҳо як навъи ороиш, балки рамзи зебоӣ ва шаҳомати бино мебошад.

"Барелйеф рамзи зебоӣ буда, ба хона шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшад. Вақте ки тасвир бо равшанӣ ва рангу ҷилоҳои махсус оро дода мешавад, асар боз ҳам зеботар менамояд ва диққати бинандаро ҷалб мекунад",- мегӯяд ӯ.

Фахриддин Латифов на танҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, балки берун аз он низ фармоиш мегирад. Ва тибқи дархости муштариёнаш барелйеф меофарад. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки дар хориҷа низ бештар кӯшиш мекунад мавзеҳои таърихиву сайёҳии Тоҷикистонро офарад, то боз як гӯшаи Ватанро муаррифӣ созад.

Ба гуфтаи ӯ, сайёҳони хориҷӣ низ ба асарҳое, ки табиати Тоҷикистонро инъикос мекунанд, таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки санъат метавонад воситаи муассири муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Фахриддин Латифов намунаи равшани ҳунарманди ватандӯстест, ки бо меҳру муҳаббат ба Ватан табиати нотакрор, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги ғании тоҷиконро дар офаридаҳои худ таҷассум месозад. Асарҳои ӯ на танҳо маҳсули ҳунар, балки василаи тарғиби зебоиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД