Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ иштирок мекунанд
50

Ҳайати Тоҷикистон барои Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ омодагӣ мебинад. Ин чорабинӣ аз 7 то 21-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Риёз баргузор хоҳад шуд.

Ҳангоми гусели варзишгарони тоҷик ҷудочиён Мадина Қурбонзода ва Эмомалӣ Нуралӣ ҳамчун парчамбардорони кишвар интихоб шуданд. Дар ин чорабинии бузург варзишгарони тоҷик дар 12 намуди варзиш, ба монанди гӯштини ҷудо, тирпарронӣ, вазнбардорӣ, бокс, тенниси рӯи миз, теквондо, варзиши сабук ва гӯштини сабук қувваозмоӣ мекунанд.

Дастаи кишвар 134 нафарро дар бар гирифтааст, ки 69 нафарашон варзишгарон буда, боқӣ мураббиён ва намояндагони федератсияҳои варзишӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ варзишгарон аз 57 кишвари дунё ҷамъ меоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД