arzon replenishment
Вазир шартҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Кореяро шарҳ дод
906


Тоҷикистон дар соли 2023 ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми муҳоҷиратии Куриёи Ҷанубӣ ворид карда шуд.

Муҳоҷирони тоҷик кай ба ин давлат ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд? Муҳоҷиронро қаблан барои сафари корӣ ба Куриё омода месозанд ё хоҳишмандон сарфи назар аз касбу корашон метавонанд ба ин давлат ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд?

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ ба саволҳои хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ Фирӯза Сатторӣ дар масъалаи сафарбарсозии муҳоҷирони тоҷик ба Куриёи Ҷанубӣ посух дода, шартҳои асосии муҳоҷират ба ин давлатро шаҳр дод ва гуфт:

“Воридшавии Тоҷикистон ба системаи муҳоҷиратии Куриёи Ҷанубӣ қадами муҳим буд, зеро бо ин роҳ ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин давлат ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд. Дар давоми соли 2023 се гурӯҳи калон аз Корея ба Тоҷикистон омада, аз марказҳои касбомӯзии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон дидан карданд. Барои сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ мо аллакай аз ҷониби Корея дархост гирифтаем. Ба Куриёи Ҷанубӣ бештар муҳоҷирони меҳнатие, ки дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд, ҳамчунин муттахассисони соҳаи саноати коркарду истихроҷ ва хизматрасонӣ лозиманд. Барои муайян намудани квота мо бояд марҳилаҳои дигарро гузарем. Пас аз ба имзо расидани “Ёддошти тафоҳум” квота ҷудо карда мешавад ва он гоҳ аниқ гуфта метавонем, ки дақиқан аз Тоҷикистон чи қадар муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар фиристода мешаванд...”
Ба қавли вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар яке аз шартҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ донистани забони куриёӣ мебошад. Аз ин хотир дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон курсҳои ройгони омӯзиши забони куриё кушода шудаанд, ки айни замон дар ин курсҳо зиёда аз 100 нафар забон меомӯзанд. Дар назди Маркази таълими калонсолон низ 3 курси омӯзиши забони куриёӣ амал менамояд.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, метавонанд дар ин курсҳо забони куриёро омӯхта, барои сафари корӣ ба ин кишвар омодагӣ бинанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД