goodwell
Як иштибоҳ метавонад “патент”-и муҳоҷирро бекор кунад
15.08.2026
Oila.tj
13

Аз 10-уми августи соли равон дар Русия тартиби нави назорати пардохти маблағи ҳармоҳаи иҷозатномаи кор, яъне «патент» ба роҳ монда шуд. Тибқи ин низом, агар шаҳрванди хориҷӣ, ки дар асоси патент дар Русия фаъолият мекунад, маблағи онро сари вақт пешпардохт накунад, иҷозатномаи кори ӯ ба таври худкор беэътибор дониста мешавад.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода, аз шаҳрвандони хориҷӣ ва корфармоёни онҳо даъват кардааст, ки ҳангоми пардохти маблағи ҳармоҳаи патент ба дурустии маълумоти воридшаванда диққати ҷиддӣ диҳанд. Аз ҷумла, ному насаби корманд, соли таваллуд ва рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) бояд бе ягон иштибоҳ нишон дода шавад. Ҳатто нодуруст навиштани як ҳарф ё рақам метавонад боиси ба мушкил рӯ ба рӯ шудани муҳоҷир ва беэътибор шудани иҷозатномаи кори ӯ гардад.

Мақомоти Русия мегӯянд, ҳадафи ин тартиб қонунӣ кардани фаъолияти муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Агар қаблан кормандони мақомоти дахлдор пардохти маблағи патентро дастӣ месанҷиданд ва дар сурати набудани пешпардохти ҳатмӣ ё расиди пардохт иҷозатномаи кориро бекор мекарданд, акнун ин раванд ба таври худкор амалӣ мешавад. Назорат ва танзими низоми нав тавассути системаҳои компютерии Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати молияи Русия сурат мегирад.

Бо вуҷуди ин, агар муҳоҷир маблағи патентро сари вақт пардохт карда бошад, вале бо сабаби иштибоҳ ё мушкили техникӣ иҷозатномаи кори ӯ беасос беэътибор дониста шавад, имкони барқарор кардани он вуҷуд дорад. Дар чунин ҳолат муҳоҷир метавонад бо расиди пардохт ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақаи будубошаш муроҷиат кунад.

Масъалаи пардохти саривақтии патент барои муҳоҷирони тоҷик аҳамияти хос дорад. Иҷозатномаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ медиҳад, ки дар минтақа ва соҳаи муайян фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳанд. Барои гирифтани он муҳоҷир бояд ҳар моҳ маблағи муайян пардохт кунад. Ҳаҷми ин маблағ вобаста ба минтақаи Русия фарқ мекунад ва тибқи маълумоти пешниҳодшуда, арзиши патент ҳамасола боло меравад.

Беэътибор шудани патент метавонад барои муҳоҷир паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Дар ин сурат ҳузури ӯ дар қаламрави Русия метавонад ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, барои вай ҷарима, ихроҷ аз кишвар ва ҳатто маҳрум шудан аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муҳлати то панҷ сол таҳдид кунад. Аз ин рӯ, муҳоҷирон бояд на танҳо пардохтро дар муҳлати муқарраршуда анҷом диҳанд, балки расиди онро низ нигоҳ доранд ва дурустии ҳамаи маълумоти дар вақти пардохт воридшударо санҷанд.

Тағйироти мазкур дар шароите сурат мегирад, ки Русия тайи ду соли охир сиёсати муҳоҷиратии худро пайваста сахттар мекунад. Барои шаҳрвандони хориҷӣ талаботи нав дар мавриди будубош, кор ва иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, охири моҳи июл президенти Русия Владимир Путин як қатор қонунҳоро имзо кард, ки қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷиронро боз ҳам сангинтар мекунанд. Қисме аз ин тағйирот аз 1-уми январи соли 2027 мавриди амал қарор мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД