Arzon march 2024
Занамро дӯст намедорам, чӣ кор кунам?
02.09.2023
ОИЛА
3324

Саломи худро ба тамоми нафароне, ки «Оила”-ро мутолиа мекунанд, мерасонам. Ман як сарбоз ҳастам, ки ҳангоми дар хизмати аскарӣ буданам волидонам сарнавишти маро ба ҷои ман ҳал карданд.

Гап сари он аст, ки падару модарам маро бо духтаре фотиҳа карданд, ки ба ман маъқул набуд.

Ман баъди фотиҳа акси духтарро дида, пофишорӣ кардам, ки ӯро ба занӣ гирифтан намехоҳам, вале волидонам “баъди тӯй якдигарро дӯст медоред, мо ҳам дар вақташ надидаву надониста оиладор шуда будем” гӯён, аз пайи тӯй шуданд.

Азбаски он шабу рӯзҳо дар хизмат будам, натавонистам садди роҳи волидонам шавам ва тӯйи мо баргузор гардид.

Инак, аз тӯямон як ҳафта сипарӣ шудааст, вале занам ба ман маъқул нест. Ба падару модарам гуфтам, ки ҳаётамро сӯзонданд, чӣ хел ман умрамро бо зане сипарӣ намоям, ки тамоман писандам нест.

Занам духтари хуб аст, эҳтиромамро ба ҷо меорад, аммо дилам ӯро намехоҳад, чӣ кор кунам?

Ҳайронам, ки чӣ гуна бе меҳру муҳаббат зиндагӣ кунам, на ӯро хушахт карда метавонаму на худам аз саодати рӯзгор баҳравар гашта метавонам.

Хеле мехоҳам, ки арӯсро бурда, дар хонаи волидонаш монам, вале боз андешаи он ки ӯ ҳам дар ин ҳолат гунаҳкор нест маро ором намегузорад.

Мефаҳмам, ки агар ӯро ба чунин зудӣ сар диҳам, ҳаёташ ба дӯзах мубаддал мегардад.

Ӯ ҳам ҷавон аст, бо ҳазор орзуву умед ба хонаи бахташ қадам гузоштааст, вале дӯсташ намедорам, чӣ кор кунам?Бе муҳаббат чӣ гуна зиндагӣ кунам? Илтимос, ба ман роҳи дурустро нишон диҳед.

Сарбоз.

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Майхан 2023-09-07, 08:08
Рохи дуппа дурусташ хамин кииии ииии, чурачон….. Як савзии калона гиру шикофии кунатба зану…..чим шин! 👍🤣
Посух
Хадиса 2023-09-11, 23:32
Алакай кори шудаги шуд. Дар вакташ бояд намегирифти туро хечкас намезад ё намекушт. Акнун ки гирифти хаёташро насузон. Зиндагиро давом дех
Посух
Шахноз 2023-09-13, 23:26
Салом алейкум Сарбозчон бахшиш грубиям шаваду намегирифтиша вакташда йо вактекр гирифтиям хамхоба намешужи катищ.рам хамхоба шуди хайташро насузон зиндаги кун ба мехр мекни .мо духтарора мачбур шаахар медиханд мехр мекнемку шавхармонда шуморам мехр мекнед ба
Посух
Ягона 2023-10-01, 06:05
Душанбе
Посух
Мухлис 2023-10-02, 07:36
Бародар мард бош авалан ки махкул набуд намегирифти.дувум ин ки эхтиромат мекунад хуш ахлок бошад ин гуна зан доди худо хаст ношукри накун ки рузе пушаймон мешави.севум дар хаёти ду рузаи дунё дили хамсаратро нашикан онхам бо умеди зиндагии ширин ба хонаи шумо омадааст.хуб фикр кн ва чудошавиро аз сарат берун кн пайрави шайтон нашав.бародари исломи.худо хидоятат кунад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД