formula
Занг занед, агар ҳуқуқҳоятонро поймол созанд
647

Ба хотири ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия аз ҷониби намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар телефонҳои боварӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳадаф аз ташкил кардани хати фаъоли “Телефони боварӣ” гирифтани иттилооти саривақтӣ дар бораи поймол гаштани ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва расонидани кӯмаки зарурӣ ба онҳо дар ҳалли мушкилоте мебошад, ки дар мулки бегона бо он рӯ ба рӯ гаштаанд.

Дар аксари шаҳрҳои калони Федератсияи Россия намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон амал мекунанд, ки барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик муаззаф мебошанд.

Бо кӯмаки намояндагӣ ҳамасола садҳо мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ҳалли худро меёбанд. Аксаран муҳоҷирон дар ҳолати фиреб хӯрдан ё ба қавли маъруф “кидат” шуданашон аз ҷониби корфармоёни рус барои рӯёнидани ҳаққи заҳмати худ ба намояндагӣ муроҷиат мекунанд.

Ҳамасола маҳз бо талош ва кӯмаки намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо роҳи қонунӣ тариқи судҳо миллионҳо рубл маблағи муҳоҷирони тоҷик аз корфармоёни беинсоф рӯёнида мешаванд, аммо...

Мушкил дар он аст, ки на ҳамаи муҳоҷирон ба намояндагӣ муроҷиат мекунанд. Сабаби муроҷиат накарданашонро муҳоҷирони меҳнатӣ бештар дар набудани вақт ва имконият маънидод мекарданд, вале акнун бо шарофати фаъол гаштани “Телефони боварӣ” имкон пайдо шуд, ки онҳо сари вақт ба намояндагиҳои кишвар занг зада, дар бораи мушкилоти ба сарашон омада хабар диҳанд ва кӯмак бигиранд.

Бояд гуфт, ки дар баробари кӯмак дар ҳалли мушкилоти гуногун тариқи намояндагиҳо машварати ройгони ҳуқуқӣ низ гирифтан имконпазир мебошад.

Тавре ки Намояндагиии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар шарҳ додааст, ҳадаф аз таъсис додани “Телефони боварӣ” ҳалли тамоми мушкилоте мебошад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Россия рӯ ба рӯ бо он мегарданд. Барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷирон низ арзу дархостҳо қабул карда мешаванд.

Зангҳо аз соати 9-и субҳ то соати 18.00 бо вақти Россия қабул карда мешаванд. Агар шумо ҳам дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доред ва бо мушкиле рӯ ба рӯ гаштаед, метавонед барои гирифтани кӯмак дар ҳалли мушкилоти худ ба ин рақамҳо занг занед:

  • Шаҳри Москва: +7 (495) 967-98-44
  • WhatsApp +7 (999) 912-58-68;
  • Шаҳри Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
  • Шаҳри УФА: +7 (966) 031-22-22;
  • Шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  • Шаҳри Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
  • Шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД