Formula novemver 2024
Зани дуюм ҳам оҳ дорад (ҚИСМИ 1)
2166

Ростӣ, ба касе бадӣ намехоҳам, аз мусибати касе шод намешавам, ҳатто онҳоеро, ки бароям бадиро раво мебинанд, зуд мебахшам ва ба Худо месупорам, зеро худам дар ҳаёт азобҳои зиёде кашидам…

Нозанини хушшонс

Дар оилаи сарватманд ба дунё омадаву бузург шудам, ҳарчанд падарам мансаби баланд дошт, аммо ба хондани мо- духтаронаш зид буд. Аз ин рў, бародаронам хонданд, аммо апааму маро зуд ба шавҳар доданд. Шавҳари ман писари як рафиқи падарам ва аз оилаи номдор буд, чун онҳо ба ман хостгор шуданд, падару модарам маро напурсида, розигӣ доданд. Ман чизе нагуфтам…

Бояд бигўям, ки падару модарам хеле чизпараст буданду бароям ҷиҳози хубе омода намуданд, то дар хонаи шавҳар таънашунав набошам. Тўямон хеле бошукўҳ гузашт ва маро ба маркази вилоят ба хонаи шавҳарам бурданд. Дар хонаи сермеҳмони хусурам ману авсунам хизматгор будем. Хусуру хушдоманам ду писар доштанд ва мо келинҳоро мисли духтар дўст медоштанд. Ин меҳрубонии волидони шавҳарам моро болидарўҳ мегардонид ва беш аз пеш ба хизмати онҳо омода будем. Бо авсунам мисли апаву хоҳар меҳрубон будем, шавҳаронамон низ моро дўст медоштанд. Бахтовари қоматбаланди абрўсиёҳро ман аз ҷонам зиёдтар дўст медоштам ва худро бонуи хуштолеъ медонистам, ки дар чунин оила ва ба чунин мард расидаам. Авсунам ду писар дошт, хушдоман доим мегуфт, ки мехоҳам фарзанди аввалини ту духтар шавад. Пас аз шаш моҳи арўсӣ дар қади ман фарзанд зад, ҳама шоду фирўз буданд. Ману Бахтовар низ, барои духтари ноздонаамон ном мекофтему қасри орзуҳои хешро месохтем.

Боди ғам

Падарам ҳар гоҳе ба маркази вилоят ба маҷлис биёянд, ба хонаамон меҳмонӣ меомаданд, хусуру хушдоман аз дидори он кас хурсанд мешуданд. Бахтовар бошад, гирди падарам парвона мешуд. Он рўзи наҳс низ падарам ба маркази вилоят ба маҷлис омаду рўзи дигараш шанбе буд. Бахтовар ба падарам “амак наравед, рўзи шанбеву якшанбе ба лаби дарё моҳигирӣ меравем, баъд шуморо худам гусел мекунам” гўён, падарамро барои истодан розӣ кард. Падарам ронандаашонро ҷавоб доданду шаб дар хонаи мо монданд. Ман хурсанд шуда, хўроки дўстдоштаи падарам тушбераи зирбон ва нони пиёздор пухтам. Мо то дер сари дастурхони ғизои шом сўҳбат кардем. Падарам авсунамро низ мисли духтараш дўст медошт ва ҳар чизе барои ман харад, барои ў ҳам албатта мехарид. Мо мисли аъзои як хонавода будем.

Рўзи дигар Бахтовару падарам дегу табақу коса ва маҳсулоти хўрока бардошта, ба лаби дарё рафтанд, хусурам ҳам онҳоро ҳамроҳӣ кард. Рўз бегоҳ мешуду аз онҳо дарак набуд, баъди чанде ҳеварам бо ранги канда омада гуфт, ки мошини Бахтовар аз роҳ баромада, ба дарахти чинор бархӯрдаасту онҳо ҳама маҷрўҳ шуда, дар беморхонаанд. Ман саркану покан ба беморхона расидам, маълум шуд, ки ҳамаи онҳо аз зарби хӯрдаашон ҷо ба ҷо ҳалок шудаанд. Мошинро шинохта намешуд, он ба қутии маҷақшудаи консерва шабоҳат дошт. Ман ба девонаҳо монанд будам, охир дар як рўз се инсони бароям азизро аз даст дода будам, магар ин осон аст?

Балои ҷони хушдоман

Хушдоманам бо ман душмани ҷон шуда буд, падари бечораи дар кунҷи гӯристон хобидаамро аз хок гирифта, дар хок мезад. Ҳарчанд ҳама медонистанд, ки падарам он рӯз ба хона рафтанӣ буду Бахтовар ўро ба зӯр манъ кард. Ҳама медонистанд, ки моҳигирӣ шуғли дўстдоштаи хусураму Бахтовар буд, падари бечораи ман ҳеҷ алоқамандие ба ин шуғл надошт, аммо ба кӣ мегўӣ?

Хушдоманам ману фарзанди ҳанӯз ба дунё наомадаамро шумқадам, падари бечораамро дастиёри аҷал гўён, борони ҳақоратро ба сарам мерехт. Ман на ба духтур мерафтаму на аз саломатиям хабардорӣ мекардам. Чун вақти зоданам фаро расид, маълум шуд, ки дар батни ман дугоник, як писару як духтар будааст. Фарзандонам лоғару бемор ба дунё омаданд, онҳо камқуввату лоғараку хурдакак буданд. Хушдоманам ба ҷойи хурсанд шудан:

- Гум кунед, шумқадамҳоро, безорам аз он гурбачаҳои бемору модари наҳсашон,- гўён, маро дигар ба хонааш роҳ надод. Ман ба хонаамон баргаштам, нишонаҳои шавҳари ҷавонмаргамро бо ёрии модар ва ҳамсари бародари хурдиям, ки ҳамроҳи модарам дар ҳавлии падарӣ мезист, калон мекардам. Ҳеварам Бахтиёр ҳамроҳи занаш ҳар моҳ ба хабаргириям меомаданд, барои кўдакон чизу чораи зиёд меоварданд. Кўдаконам панҷсола шуданд, Нишонаву Афшин амакашонро бобо ва авсунамро бибӣ мегуфтанд. Рўзи таваллуди Бахтовар ҳеварам ба дастам ҳуҷҷати хонаи панҷҳуҷрадореро дод, ки дар маркази шаҳри Душанбе ба номи ман будааст. Ў гуфт, ки ин хонаро дар вақташ Бахтовар харида будааст, ман ҳатто намедонистам, ки ба номи ман хона аст. Ҳеварам ба дастам як миқдор пул дода, бо хоҳари занаш, ки дар бозори калони пойтахт савдо мекард, шинос кард ва гуфт:

-Янгаҷон, ман мувофиқи тавон ба шумо ёрӣ мерасонам, аммо худат ҳам бояд кор карданро ёд гирӣ, агар ягон марди хуб баромад, метавонӣ шавҳар кунӣ.

Дили ман хонаи ғамҳо буд ва ба ёдам ҳам шавҳар кардан намерасид, мехостам кўдакони бо ранҷу дард ба воя калон кардаамро ба по хезонам.

ИРАМ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД