arzon replenishment
Занро бо талоқ додан тарсонидани мард раво аст ё гуноҳ?
07.11.2024
ГУЛОРО
1187

Шавҳарам як одати бад дорад, ки агар бо ман гапаш гурезад, таҳдид мекунад: “Дамта гир, ки ҳозир се талоқат мекунам!”. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки ин калимаи шумро сари қадам ба забон нагирад, вале боз ҳамон аҳмади порина. Метарсам, ки ягон рӯз сари қаҳру ғазаб талоқамро дода, баъд пушаймон мешавад. Ҳол он ки ман намехоҳам ба ҳеҷ ваҷҳ хонавайрон шавам. Мехостам назари исломро ба ин масъала бидонам. Магар мард ҳақ дорад, ки барои тарсонидани занаш дар сари ҳар қадам калимаи талоқро ба забон бигирад?

ГУЛОРО, ш. Ҳисор

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Ин амали шавҳари шумо бисёр беақлона буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин мард оқилу дурандеш набудаст. Аз ислом занро метарсонад, вале маълум аст, ки худаш аз нозукиҳои ин дин тамоман хабар надоштааст. Ба забон гирифтани ин калом барои марде, ки худро мусалмони асил меҳисобад, манфур аст, чунки шариати ислом талоқро маҳкум менамояд. Вақте ки мард калимаи талоқро ба забон мегирад, Арши Аъзам ба ларза медарояд. Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васалам фармудаанд: «Бадтарин ҳалолаҳо назди Худованд талоқ аст». Мо, ки пайрави ин дини пок ҳастем, бояд забони худро ҳеҷ гоҳ ба гуфтани ин калимаи манфур одат накунонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД