Formula novemver 2024
Зиёда аз 500 муҳоҷирро боздошт карданд
893

Кормандони мақомоти тафтишотии Русия дар рафти як амалиёт дар шаҳри Москва зиёда аз 500 нафар муҳоҷиронро боздошт намудаанд. Кофтуковҳо дар маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Сахарова идома доранд. Дар ин бора tsargrad.tv хабар додааст.

“Кормандони Кумитаи тафтишотӣ дар Москва амалиёти вижаро роҳандозӣ намуданд. Дар рафти ин амалиёт хостел-хобгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар робита бо ташкили ячейкаи созмони экстремистӣ баста шуда, зиёда аз 500 нафарро боздошт намудаанд. Кофтуковҳо дар маркази муваққатии нигаҳдории муҳоҷирони меҳнатӣ дар Сахарова идома доранд”,- навиштааст манбаъ.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, дар баробари санҷиши алоқамандӣ доштан ё надоштани боздоштшудагон бо гурӯҳҳои экстремистӣ ҳамчунин қонунӣ будан ё набудани будубоши онҳо дар Русия санҷида мешавад. Кормандони мақомоти тафтишотӣ ҳамзамон алоқамандии афроди боздоштшударо бо ҷиноятҳои дигар мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Сабаби кофтуков дар маркази муваққатии нигаҳдории муҳоҷирон дар Сахарова фош гаштани асрори ду корманди ин марказ мебошад, ки барои зудтар ба ватанашон гусел кардани муҳоҷирони боздоштшуда аз ҳар як муҳоҷир 30 ҳазор рубл мегирифтаанд. Барои вохӯрӣ бо наздиконашон муҳоҷирон ба ин ду нафар 5000-рублӣ медодаанд. Нисбати ин ду нафар, ки яке 33-сола ва дигарӣ 58-сола мебошанд, бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД