Arzon march 2024
Зулайхо Суманак мепазад
2279

-Зулайхобону, бо омад-омади Наврӯзи аҷам шуморо муборакбод мегӯем!

-Саломат бошед! Ман ҳам тамоми кормандони “Оила” ва ҷамъи хонандагонашро бо ҷашни Наврӯз табрик карда, ба ҳама хонаи обод ва сарсабзиҳои ҳаётро хоҳонам!

-Мухлисонатон мехоҳанд, ки шумо барояшон аз таомҳои наврӯзӣ чизе омода намоед, то боварӣ ҳосил кунанд, ки ин шоҳбонуи санъати тоҷик серкор бошад ҳам, рисолати азалии худро фаромӯш накардааст...
-Зеби Наврӯз сумалак аст, агар шумо зид набошед, сумалак мепазам.

-Оҳо, агар ин корро кунед, сарамон ба осмон мерасад!
-Сумалак қадимтарин таомест, ки то имрӯз бо ҳавсалаи том тайёр карда мешавад. Барои пухтани ин хӯроки серғизо асосан гандум, орд ва об лозим аст. Гандумро як шабонарӯз дар об тар карда, баъдан обашро рехта дар ягон ҷойи гармак нигоҳ медоранд, то ки неш занад. Баъди ду рӯз гандумҳои нешзадаро дар рӯйи лаълӣ тунук карда, болои онро бо дока мепӯшонанд. Дар давоми 5-6 рӯз гандум реша зада алафаш сабз мешавад. Ҳар қадар реша зиёд бошад, ҳамон андоза сумалак болаззат мешавад.


ЗУЛАЙХОМАҲМАДШОЕВА “КЕКСИ АНГУРӢ” МЕПАЗАД


 Кӯшиш кунед, ки сабзаи сумалак баланд нашавад, вагарна талх мешавад. Гандумро дар ӯғурча нағзакак кӯфта, баъд ба корсон меандозед ва ба болояш об рехта, шираи онро дар зарфи алоҳида мегиред. Оби сафеди ширмонанд ҳосил мешавад. Барои пухтани сумалак деги калонеро интихоб мекунанд. Аввал ба дег каме равған, сипас, оби гандумро рехта, орди тайёркардашударо ба он илова намуда, нағзакак лат занед, то ки орд кулӯла нашавад. Ба 5 кг гандум 3 кг орд андохтан лозим аст. Оташи деги сумалакро бояд духтар ё зане, ки гунаҳои суп-сурхи лолагун дорад, даргиронад. Ҳангоми пухтан дегро тез-тез кофта истодан лозим меояд. Ба деги сумалак 7 дона чормағз андохтанро фаромӯш накунед. Гуфтагӣ барин, то пухта расидани сумалак 5 ё 7 маротиба ба он оби ҷӯш мерезанд. Обро ҳангоми ғафс шудани сумалак рехтан лозим аст, то ки ҳавло барин ғафс шуда начаспад. Пухтани сумалак бисёр кори душвор аст, чунки он дар як шабонарӯз мепазад.
Сумалаки мо тайёр шуд.
Наврӯз муборак!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД