Arzon march 2024
11-маслиҳати муфид ба занҳое, ки мехоҳанд хушбахт бошанд
04.02.2023
ОИЛА
1368

 

 

Замонае, ки мо зиндагӣ мекунем, яке аз рукнҳои асосии одамият- боварро аз миён бурдааст. Аз ин рӯ, имрӯз дар бораи ин гавҳари ноёб ҳарф мезанем.

1. Ҳеҷ гоҳ гумону шубҳаро ба дилат роҳ надех, хоса вақте мавзӯъ ба ҳаёти оилавият дахл дорад.

 2. Ҳамаи мардҳо як хеланд! Ин хулосаи онҳоест, ки мехоҳанд ҳамсарони ҳама мисли ҳамсари онҳо бевафову занбоз ва хиёнаткор бошад!

 3. Кӯшиш кун зани беназире бошӣ, ки ҳамсарат ҳеҷ гоҳ ҳатто орзуи зани дигарро ба сараш роҳ надиҳад. Ба ҳамсарат навозишу меҳрубониро арзонӣ дор, то ӯ ин навозишро ҷойи дигар наҷӯяд.

 4. Фаромӯш накун, ки дар хиёнаткор шудани мард занаш саҳми «босазо» дорад, зеро хоҳиши мардро чун як зан қонеъ карда наметавонад.

 5. Кори хона, кори давлат, мушкили фарзандон, пазироии меҳмон барои зани тоҷик ин ҳама дар ҷои авваланд, баъд шавҳар… Худатро шинохтӣ?! Пас, ислоҳ шав! Баъзан бо ҳайрат гап мезанем дар бораи зани бадахлоқи бехонумоне, ки тавонист ҷойи моро дар дили шавҳар бигирад. Аз ёд набарор, ӯ шарму ҳаё, ахлоқ, боз зиёд чизҳои дигарро гум кардаасту ҷаззобияти занонаашро не.

 6. Худатро дӯст дор, то ба ҳадди худпарастӣ не албатта. Б

 7. Ба худат бовар намо ва баъд мебинӣ дар ҳаёти ту чӣ муъҷизаҳо рӯй медиҳанд.

 8. Боварии туро шикастанд? Ҳеҷ гап не, ту онро душвор бошад ҳам, пайванд соз, бо кадом меҳнате, ки хоҳад…

 9. Бе боварӣ зистан дар дунё маъние надорад, аммо бовар макун ба нафаре, ки як бор туро фурӯхт, боз мефурӯшад!

 10. Бовар макун ба дӯсте, ки замони давлат доштанат хоки поят мешавад, зеро дӯстиро дар ин ҳолатҳо намепазиранд.

 11. Бовар макун ба ҳар нафари пеш омада ва дарди дилатро магӯй, амонатро нигоҳ доштан кори ҳар шахс нест!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД