Рӯзҳои 22-23-юми августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе «Фестивали тобистонаи Душанбе-2026» («Dushanbe Summer Fest - 2026») баргузор мешавад.
Бино ба иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст.
- Чорабинӣ бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии фестивал рушди соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахт, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангии шаҳри Душанбе ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ мебошад.
Дар доираи фестивал барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва сайёҳӣ пешниҳод мегарданд. Аз ҷумла, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва байналмилалӣ, шириниҳо ва нӯшокиҳои гуногун, бозиҳои варзишию зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, намоишҳои театриву сиркӣ, сайругашт тавассути асп ва дигар чорабиниҳои шавқовар ташкил карда мешаванд.
Бахши асосии фестивалро шоу-консерти бузург бо иштироки ситораҳои маъруфи эстрадаи тоҷик ва ҳунармандони хориҷӣ ташкил медиҳад.
- Дар асоси қарори Раиси шаҳр, ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории «Фестивали тобистонаи Душанбе-2026» тасдиқ гардида, сохторҳои дахлдори шаҳрӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ вазифадор карда шудаанд,- мегӯяд манбаъ.
Ҳамзамон, тибқи ин қарор, шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивал муайян гардидааст.
Бояд гуфт, ки “Фестивали тобистонаи Душанбе” ба яке аз чорабиниҳои маъруфи фарҳангӣ ва фароғатии пойтахт табдил ёфтааст. Ин фестивал қаблан низ бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе се маротиба - солҳои 2018, 2019 (аз ҷониби ширкати «Rooyo Production») ва 2021 баргузор гардида, ҳар дафъа ҳазорон сокинону меҳмонони пойтахт ва сайёҳони хориҷиро ба ҳам овардааст.