sebiston july new
4 тоҷик дар Россия 1 тоҷикро гаравгон гирифтанду...
773


Дирӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 4 зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми одамрабоӣ ва роҳзанӣ дастгир кардаанд.

Дар ин бора журналист Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм хабар дода,дар такя ба Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти Санкт-Петербург навиштааст, ки ба зидди онҳо бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: бандҳои «а», «в», «г», «з» қисми дуюми моддаи 126 (одамрабоӣ) ва қисми дуюми моддаи 162 (роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, ҳоло масъалаи эълони айбнома ва интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба ин зодагони Тоҷикистон дар баррасӣ қарор дорад.

“Худи боздоштшудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, гумонбаршавандагон рӯзи 24- октябри соли 2022 дар як парковка дар хиёбони Дунай ба як ҳамватани худ ҳамла карда, ӯро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Рено” бор кардаанд.

Онҳо ин муҳоҷири тоҷикро латтукӯб карда, бо мошин ба қаламрави вилояти Ленинград бурдаанд ва дар он ҷо бо таҳдиди куштан бо намоиши корду пистолет, пулу телефон ва соати ӯро ба маблағи на камтар аз 60 ҳазор рубл кашида гирифта, тавассути телефон аз суратҳисобаш 3500 рублро ба худ интиқол додаанд ва шиносномаву ҳуҷҷатҳои дигари он марди гаравгонро низ гирифтаанд!”-менависад муаллиф.

Аз хабар бармеояд, ки ин гурӯҳ бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба гаравгон талаб кардаанд, ки агар ба онҳо 6 миллион рубл надиҳад, дар борааш махлумоти бадномкунандаро паҳн мекунанд.

Ҷабрдида аз тарси ин таҳдидҳо эътироф кардааст, ки 800 ҳазор рубл дорад. Баъди ин гаравгонгирон ӯро ба назди як бино дар кӯчаи 10-уми Красноармейская овардаанд.

Гаравгон дар ин ҷо бо ваъдаи бардурӯғи рафта овардани пул тавонистааст аз мошин баромада, аз дасти гаравгонгирон фирор кунад.
Раёсати тафтишот мегӯяд, дар ҷараёни кофтукоб далелҳои барои тафтиши ин парвандаи ҷиноятӣ муҳим ёфт ва мусодира карда шудаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД