goodwell
7 маҳсулоте, ки зуд вайрон шуда, касро ба беморӣ гирифтор карда метавонанд
23.05.2026
Oila.tj
59

Албатта одам метавонад аз дилхоҳ хӯрок ё ғизои вайроншуда заҳролуд шавад, вале бештар маҳсулоти зерин боиси заҳролудшавӣ мегарданд.

Шир ва маҳсулоти ширӣ

Шир, қаймоқ ва дигар маҳсулоти ширӣ нисбат ба дигар навъҳои маҳсулот тезтар вайрон мешаванд, махсусан дар фасли баҳор ва айёми гармои тобистон. Барои он ки шир ё қаймоқи вайроншуда боиси заҳр олудшавии шумо ва дигар аъзоёни оилаатон нагардад, беҳтараш баҳсулоти шириро дар яхдон нигоҳ доред ва муддати дурудароз онро истифода набаред.

Торту шириниҳо

Торт ва шириниҳо низ дар ҳавои гарм дар муддати кӯтоҳ вайрон мешаванд. Макони бештарин барои стафилакокҳо маҳз торт ва шириниҳое мебошанд, ки дар таркибашон қаймоқ, творог ва крем дошта, дар мавсими гармо бидуни яхдон нигоҳ дошта шудаанд. Чунин шириниҳо метавонанд касро ба осонӣ заҳролуд созанд, бинобар ин, ҳангоми харидан ва истеъмоли шириниҳо эҳтиёт шавед.

Харбуза ва меваю сабзавоти барвақтӣ

Май яке аз моҳҳои пурфайзи сол буда, бозор ва рафи мағозаҳо пур аз меваҳои пешпазак гаштааст, ки дили касро бо зебоияшон мебаранд. Албатта ин меваҳои рангоранг сарсор аз митамину минералҳо буда, натанҳо коми касро ширин месозанд, балки ба саломатӣ низ фоидаи зиёде доранд, вале дар истеъмолашон эҳтиёт шудан шарт ва зарур аст, чунки меваю сабзавоти вайроншуда ва ҳатто кабудиҳо боиси заҳролуд гаштани орнагизм гашта метавонанд. Махсусан ҳолати заҳролудшавӣ аз хӯришҳои сабзавотии вайроншуда, бодиринг ва харбуза низ ба назар мерасад.

Кабоб ва гӯшти мурғ

Кабоб ва хӯрокҳои гӯштии вайроншуда, аз ҷумла гӯшти гов, мурғ ва хӯрокҳои тайёр-шаурма, ход-дог метавонанд боиси заҳродушавӣ гарданд, агар як рӯз пеш омода шуда, бидуни яхдон дар хона нигоҳ дошта шуда бошанд.

Маҳсулоти баҳрӣ ва моҳӣ

Одамон дар моҳи май пас аз истеъмоли маҳсулоти баҳрӣ ва моҳӣ низ заҳролуд шуда метавонанд. Аз ин лиҳоз, махсусан ҳангоми истеъмоли моллюскҳои хом ё нимпухта, устри, мидия, инчунин суши ва роллҳои омодашуда эҳтиёт шудан лозим аст.

Тухм ба зудӣ вайрон мешавад

Хӯрдании дигаре, ки дар ҳавои гарм хеле зуд вайрон мешавад, тухм мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин давра махсусан истеъмоли тухми хом ва нимпухта бо сабаби сальмонеллез хатарнок аст.

Консерваҳои хонагӣ ва бодиринг

Аксарият хӯр дани консерваҳои хонагӣ ва бодиринги шӯрро хеле дӯст медоранд. Дар ёд дошта бошед, ки занбурўғ, консерваҳои хонагӣ ва бодирингу помидорҳои нодуруст омодашуда метавонанд боиси заҳролудшавӣ ва  ботулизми хатарнок гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД