Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар пасманзари сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ қабули дархостҳои раводидро аз довталабон дар саросари ҷаҳон муваққатан боздоштааст.
Департаменти давлатии ИМА изҳор доштааст, ки омӯзиши кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Амрико оғоз шудааст. Ба ҳамин далел, ҷадвали баррасии дархостҳои раводид тағйир дода мешавад. Ба гуфтаи ин ниҳод, омӯзиш ба кормандони консулгарӣ кумак мекунад, то довталабонеро муайян кунанд, ки ба назари мақомот эҳтимолан ба кумакпулиҳои давлатӣ дар ИМА вобаста шаванд. Ҳамчунин ҳадаф таъмини арзёбии пайваста ва ягонаи довталабон барои гирифтани раводид мебошад.
Рӯзномаи Financial Times хабар додааст, ки довталабони раводиди муҳоҷиратӣ, ки қаблан барои мусоҳиба вақти муайян гирифта буданд, дар бораи ба таъхир гузошта шудани вохӯрӣ огоҳӣ гирифтаанд. Ба онҳо гуфта шудааст, ки санаҳои нави мусоҳибаҳо баъдтар эълон хоҳанд шуд.