sebiston july new
ҲАМВОР КАРДАНИ ОЖАНГИ РӮЙ ДАР ХОНА
24.05.2021
Оила
4696

 

Ҳар як бону бо дидани ожангҳои чуқури пӯсти рӯяш ғамгин мешавад. Чинҳои дар пӯсти рӯй, гардану дастон ва дигар аъзои бадан ба вуҷуд омада занро аз синну солаш калонтар нишон медиҳанд. Айни замон тибби муосир технологияҳои навтаринро оиди пешгирии чинҳо ва нобуд сохтанашон ба кор мебарад, вале на ҳама имкони аз ин усулҳо истифода бурданро доранд. Чинҳои рӯйро дар шароити хона низ бо роҳҳои осонтар нест кардан мумкин аст.

Маслиҳати сеҳрнок
1. Барои пӯст воситаҳои хонагӣ ниҳоят муфиданд, маҳз ҳамин чизҳо чинҳои чуқургаштаро нобуд месозанд.

Усули табобат ниҳоят одӣ буда, вақти зиёдро талаб намекунад.

2. Дар рӯйхати мубориза бо ожангҳо дар ҷои аввал витамини самарабахши Е меистад. Ин витамин пиршавии пӯстро пешгирӣ намуда, чинҳоро рафъ месозад. Каме витамини равғаннокро пеш аз хоб ба чинҳои рӯятон молед. Натиҷаашро дер мунтазир намешавед.

3. Равғани зайтун пӯстро ҳамвор сохта, ғизо мебахшад ва нарму пок месозад. Беҳуда нест, ки косметологони ҳозира барои омода сохтани малҳаму ниқобҳо ин равғанро ба кор мебаранд. Ҳамарӯза ба пӯсти рӯй молидани равғани зайтун пӯстро ботароват месозаду чинҳоро нест мекунад.

4. Дар Мисри қадим шарбати сабр (алоэ) машҳур буд. Бо ин шарбат бемориҳои зиёди пӯстро табобат мекарданд. Сабрро то ба имрӯз растании ҷовидона меноманд. Шарбати сабр ҳатто чинҳои чуқуртаринро ҳамвор месозад. Шарбатро ба пӯсти рӯятон молида шоҳиди эҳё гаштани таровати ҷавониатон хоҳед гашт.

5. Бобуна –гули зебоест, ки пӯсти рӯйро тароват мебахшад. Бо гиёҳоби бобуна ҳанӯз бибиҳоямон пӯсти худро солим нигоҳ медоштанд. Омода намудани ин гиёҳоб осон аст: як қошуқ гиёҳи бобунаро бо ду истакон об омехта намуда 10 дақиқа ҷӯшонед. Дар ин гиёҳоб сачоқи тозаро тар карда ба рӯятон гузоред. Баъдан рӯятонро шуста, малҳами ғизобахш (питательный) молед.

6. Барои табобати чинҳои чуқур арақу лимӯи бо ҳам омехта давои бемисл хоҳад гашт. Дар як истакон арақ як лимӯи калони резакардаро андохта 10 рӯз нигоҳ доред. Барои ҳамвор сохтани чинҳо докачаеро дар ин маҳлул тар карда ба ҷойҳои чиндори пӯстатон гузоред, пас аз чанд рӯз мебинед, ки пӯст ҳамвор ва сӯрохиҳояш маҳкам шудаанд.

Мубориза бо чинҳои атрофи чашм
Аз ҳама ҷойи серожанги пӯст пӯсти чашм аст. Пӯсти атрофи чашм нозук буда, хеле зуд хушк мешаваду дар натиҷа чинҳои безеб пайдо шуда, ҳусну таровати занро аз байн мебаранд. Пӯсти ин мавзеъро бо истифодаи барги сабр (алоэ) нарм кунонидан мумкин аст. Шарбати сабр муъҷизаофар аст. Каме барги диладори сабрро бурида, обашро ба атрофи чашмонатон молед. Ин амалро ҳамарӯза ба анҷом расонед, натиҷаашро бо чашми худ хоҳед дид.

Равғанҳои эфири тоза, хусусан, равғани шафтолу, бодом ва зардолу манбаи зебогии чашм ҳастанд. Ҳар шаб як қатрагӣ аз яке аз ин равғанҳо ба пӯсти ожангдори атрофи чашмонатон молед, чинҳо ҳамвор гашта, ба назар ҷавонтар менамоед.
Барои чинҳо чуқур бошанд, воситаҳои ҷиддитар лозиманд.

Ниқоби ғизобахшро ин тавр омода созед: як қошуқ маҳлули равғанини Е-ро бо як қошуқ равғани ғилофаки какао ва равғани облепиха омехта намуда ба атрофи чашмонатон ғафсакак моледу тақрибан 30 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо обчинак тоза кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД