formula
Қандинаи «Тарбуз»
1491

 

Маҳсулоти лозима: 200г маргарин ё равғани маска, ним истакон шакар, 1 тухм, 2,5ст орд, хамиртуруш, рангҳои хӯрока (пищевые красители).

Тарзи таҳия:

Бо миксер равғани маскаи мулоимшударо бо шакар то сафед шуданаш лат занед. Каме намак, тухм, 1 қошуқ хамиртуруш илова карда, омезед. Ордро кам-кам андохта, хамир шӯред.

Хамир андак часпак мешавад. Хамирро ба се қисм: яктояш хурд, дигараш каме калонтар, сеюмӣ боз калонтар тақсим кунед.

Ба ду хамири калонтар рангҳои сабзу сурх илова кунед. Хамири сурхро ҳасибча карда, ба яхдон гузоред.

Хамирчаи сафедро тунук кунеду байнаш лӯлачаи сурхро гузошта тоб диҳед ва ҳардуро дар хамири сабз печонед. Акнун бо корд бурида, дар тафдон пазед.

Нӯши ҷон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД