Arzon march 2024
ҲАСРАТИ ДИДОРИ ПИСАР МОДАРРО ИНСУЛТ КАРДУ ПАДАРРО АЗ БИНОӢ МАҲРУМ СОХТ
2899

 

..Модарам инсултро аз сар гузаронида, чанд моҳ боз рӯйи бистари беморӣ хобидааст. Падарам касалии қанд дорад, бар замми ин, чашмонаш хира гашта, хуб намебинад.

Пиру кампири дардманд дар ҳамин фасли зимистон дар хонаи сард, нимсеру нимгурусна аз хунукӣ дарақ-дарақ ларзида мешинанд. Нафақаи ночизе, ки мегиранд, ҳатто ба дорую дармонашон намерасад. Солим мебудам, албатта, дар ягон ҷо кор карда, волидонамро парасторӣ менамудам, вале ман худ як бевазани танҳои касалманд ҳастам. Намедонам ғами падару модари пиру беморамро хӯрам ё фикри писараки хору зори бе падарамро кунам. Ростӣ, чанд бор аз сахтиҳои зиндагӣ хостам даст ба худкушӣ занам, аммо дар лаҳзаи охир андешаи тамоман бе соҳиб мондани фарзандам маро боздошт. Умеди охиринам ба ”Оила” аст, илтимос, як бор аз дарамон даромада, аз ҳоли зори мо хабар бигиред...

 

Ин пора аз номаи пурдарди сокини деҳаи Гачаки шаҳри Ҳисор Мақсадой Даминова мебошад, ки дили мо, кормандони “Оила”-ро реш-реш гардонида, маҷбур кард, ки ба суроғи ин оилаи камбизоат равем. Рӯзе, ки мо меҳмони кулбаи хоксоронаи холаи Холбибӣ ва бобои Маҳмадраҷаб гаштем, ҳаво хеле сард буд. Боди велгард чангу хоки кӯчаро ба ҳаво мебардошту рухсораҳои кас ба сӯзиш медаромаданд. Дар ҳоле, ки банди диламон аз хунукӣ меларзид, мо вориди манзили зисти ин пиру кампири дардманд гаштем. Гумон доштем, ки холаи Холбибӣ ва мӯйсафедаш дар назди печкаи гарм дароз кашида, ёди рӯзҳои ҷавонӣ мекунанд, аммо хаёламон хом баромад. Печкаю оташи гарми ангиштсанг он тараф истад, дар хона ақаллан як сандалии бобоӣ набуд, ки мӯйсафеду кампири бемор пойҳояшонро дароз карда, каме ҳам бошад, гарм шаванд.

Биёед, дарди дили ин падару модари аз доғи фарзанд сӯхтаро аз забони худашон бишнавем...

-Холаҷон, фасли зимистон аст. Чаро дар ин ҳавои хунук дар хонаи сард мехобед?

-Бачам, свет (барқ) нест, ҳезуму ангишт қимат, чӣ кор кунем?

-Мебинем, ки шумо бо мӯйсафедатон дар кунҷи хона танҳо хобидаед. Фарзандонатон куҷоянд?

-Эҳ бачам, беҳтараш ту напурсу ман нагӯям! Писари калониамон муддати 15 сол мешавад, ки бе ному нишон аст. Ғами фарзанд моро ба ҳамин ҳол овард. Ҷигарам дар ҳасрати фарзанд сӯхта кабоб шуд. Корам шаб то саҳару рӯз то бегоҳ фақат гиря кардан буд, он қадар оби дида рехам, ки дигар дар чашмам об намонд. Аз ғаму дарди бисёр ба касалии фишри хун гирифтор шудам Оқибат давлени (фишори хун) ба майнаи сарам зад. Инсулт шудам. Умед надоштам, ки зинда мемонам, вале Худованд амонаташро нагирифт. Қариб се моҳ шуд, ки ҳамин хел маъюб шуда, рӯйи ҷогаҳ хобидаам. (мегиряд)

Ин дам шавҳари холаи Холбибӣ, бобои Маҳмадраҷаб ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад ва оби чашмонашро поккунон мегӯяд:

-Бо умед бача калон кардем, ки дар дами пирӣ писарамон дастамонро мегирад, вале ба ҷойи он ки мушкиламонро осон кунад, ин фарзанди бепарво ғами рӯйи диламон гашт. Ман Русия коркунӣ меравам гуфта, 15 сол пеш аз хона баромаду бо ҳамин бе ному нишон гашт. Намедонем, ки зинда аст ё мурда. Магар осон аст, 15 соли дароз дар ҳасрати дидори писар сӯхтан?

Мӯйсафедро гиря гулӯгир мекунад. Бобои Маҳмадраҷаб панҷа ба риши барфсон сафед гаштааш зада, рӯяшро ҷониби девор мегардонад, то ашки чашмонашро аз мо пинҳон созад, вале оби дидагонаш қатра-қатра ба рӯйи ришаш мечакад. Басо риққатовар аст дидани оби чашми ин мӯйсафеди дар ҳасрати фарзанд обу адогашта...

Рӯ ба бобои Маҳмадраҷаб оварда мепурсам:

-Писаратон чандсола аст, чӣ ном дорад ва чӣ боис гашт, ки ба Русия равад?

Мӯйсафед оби чашмонашро пок карда истода мегӯяд:

-Муҳаммадҷон писари калонии мост. Соли таваллудаш 1978. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд буд. Зиндагиаш шоҳона набошад ҳам, қатори ҳама як бурида нон ёфта мехӯрд, ҳамин модараш бемор шуду ҳаёти осудаи мо якбора барбод рафт. Духтурҳо гуфтанд, ки ба саратони ҷигар гирифор шудааст. Писарам Муҳаммадҷон бо фоизҳои баланд қарз гирифта, модарашро табобат кард. Кампир баъди даводавиҳои зиёд сиҳат шуда ба по хест, вале қарз миёни писарамро шикаст. Муҳаммадҷон “Дада, агар ман ба Русия рафта кор накунам, бо пули ночизе, ки дар ин ҷо меёбам, қарзро баргардонида наметавонам” гӯён, бо мо хайру маъзур карда, роҳи мулки русро пеш гирифт. Аввалҳо як сум ним сум равон мекард, аммо баъд якбора бедарак шуд. 15 сол шуд, ки аз ӯ ягон хату хабар нест. Аз фикру хаёли бисёр ман ба касалии қанд гирифтор гаштам, модараш бошад, инсулт шуд...

-Ба писари роҳдуратон чӣ гуфтаниед?

Холаи Хлбибӣ:

-Дар 15 соли набудани Муҳаммадҷон духтарҳояш ба воя расиданд ва маҷбур шудем, ки онҳоро бе падар ба шавҳар диҳем. Писараш ҳам аллакай як шаҳбачаи тайёр шудааст. Ба писарамон гуфтанием, ки дар куҷое набошад, зудтар ба хона баргашта, соябони сари мо ва бачаҳояш гардад.

Бобои Маҳмадраҷаб:

-Медонем, ки ҳоло нархи билет бисёр қимат аст, агар барои ба Ватан баргаштан имконият надошгта бошад, ақаллан занг зада, моро аз зиндаву саломат буданаш хабардор созад, чунки мо, пиру кампири бемор дигар тобу тоқати ғами фарзандро надорем.

-Дигар фарзандонатон куҷоянд? Магар онҳо ба шумо ёрӣ намерасонанд?

Боби Маҳмадраҷаб:

-Духтарҳои калонӣ шавҳару хонаву дар доранд ва аз паси зиндагии худашон овораанд. Писари хурдиамон бисёр бачаи хуб ва меҳнаткаш аст, вале бо пули ночизе, ки аз аробакашӣ ба даст меорад, оиларо 100% таъмин карда наметавонад.

Холаи Холбибӣ:

-Як халта орд қариб 300 сомонӣ шудааст, нархи 5 литр равған 100 сомонӣ, нархи шакар аз шаш сомонӣ ба 10 сомонӣ расид, ҳама чиз, ҳатто кабудӣ қимат шудааст. Худатон фикр кунед, дар чунин шароит магар бо даромади ночизи аробакашӣ зиндагиро пеш бурда мешавад? Намедонем ғами бемории худу фарзанди роҳдурамонро хӯрем, фикри чӣ хел пеш бурдани зиндагиро кунем ё ба дарди духтарамон, ки имрӯз бо як фарзанд дар ба дар гаштааст, дармон биҷӯем...

-Шавҳари Мақсадой дар куҷост ва чаро зану фарзандашро соҳибӣ намекунад?

-Шавҳари Мақсадой аз Ӯзбекистон буд. Ғариб аст гуфта, диламон сӯхту хонадомод кардем, вале он ношукр духтарамонро бо як фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда, ба Ватанаш рафт.

Аз сӯҳбати Мақсадой:

-Шумо дар номаатон навиштаед, ки ман як бевазани касалманд ҳастам ва намедонам фикри фарзанди беморамро кунам ё ғами падару мдараро хӯрам. Ин суханонатон чӣ маънӣ доранд?

-Ман чанд сол боз аз бемории сил азият мекашам, писарам бошад, модарзод касалии дил дорад. Духтурҳо мегӯянд, ки ду клапани дилаш маҳкам аст.

-Писарчаатон чандсола аст?

-7-сола. Ҳамин сол ба синфи 1 рафт. Ҳамин кӯдак аз дарс намонад гуфта, барояш аз тарафи худи мактаб сару либоси мактабӣ доданд. Зӯрам нарасид, ки ақаллан барояш либоси зимистона харам. Бечора писаракам бемор бошад ҳам, гоҳ пойлучу гоҳ сарлуч ва гоҳе бо либосҳои кӯҳнаю пур аз дарбеҳи мардум ба дарс меравад. Ҳеҷ гоҳ маҷбур намекунад, ки ба ман ин хареду он харед, чунки ҳоли зори модарашро бо чашмони худаш мебинад... (мегиряд)  

-Табибон чӣ мегӯянд? Оё ягон роҳи табобаташ вуҷуд дорад?

-Бале, дорад. Писари ман ниёз ба ҷарроҳӣ дорад, вале барои ин пули калон лозим аст. Азбаски ман худам як зани бе савод, бе кор ва бар замми ин, бемор ҳастам, имконият надорам, ки аз паси табобати писарам шавам.

-Аз падараш кӯмак нахостед?

-Аз марде, ки барои фарзандаш ҳатто алимент намедиҳад, чи бӯйи умед? Ин мард, агар як зарра раҳму инсоф ва виҷдону мардонагӣ медошт, ҳаргиз маро бо як кӯдаки бемор дар нимароҳи зиндагӣ танҳову зор монда, думашро хода намекард.

-Шуморо чӣ маҷбур кард, ки ба “Оила” муроҷиат намоед?

-Тақдири талху зиндагии пуразоб. Пас аз он ки шавҳари номардам “падару модарат камбағаланд” гуфта, маро бо як фарзанд партофта рафт, бо як кӯдаки 7-сола дар кӯча мондам. Ба куҷое наравем ба мо рӯйи хуш намедиҳанд, чунки дар ин замонаи қиматӣ мардум фарзандони худашонро базӯр мехӯронанду мепӯшонанд. Бисёр сахту дардноку сангин аст бехонагиву оворагӣ. Ҷонам аз ин ҳаёти пур аз дарду ғам ба лабам расида, чанд маротиба қасди худкушӣ намудам, вале бз фикр кардам, ки падараш партофта рафт, агар ман ҳам бимирам, писарам бе соҳиб мемонад. Андешаи тақдири ояндаи фарзандам маро аз худкушӣ бозмедорад, вагарна аз ин ҳаёти сагона кайҳо безор шудаам... (мегиряд)

-Аз хонандагони “Оила” чӣ хоҳиш доред?

-Манзили падару модарам чандин сол боз рӯйи таъмирро надидааст. Боми хонаашон мечакад, вале пиру кампир беморанду имконият надоранд, ки онро таъмир намоянд. Нағз хӯрдану нағз пӯшидан ва таъмири хонаву ба сомон даровардани зиндагӣ он тараф истад, нафақаи ночизи волидонам ҳатто ба доруву дармони худашон ҳам намерасад. Шунидам, ки бо шарофати “Оила” чандин одамони дар кӯча монда соҳиби сарпаноҳ гашта, аз ночорӣ раҳоӣ ёфтаанд. Дар дилам шӯълаи умед пайдо шуд, ки шояд ягон одами саховатманд дасти моро ҳам гирифта, аз вартаи беморӣ ва бехонагию дар ба дарӣ халосамон месозад. Аз хонандагони “Оила” хоҳиш мекунам, ки ба мӯйсафеду кампири бемору мӯҳтоҷ ва ба мани бевазану фарзанди бе падарам аз барои Худо дасти ёрӣ дароз намоянд.

Ф. Сатторӣ

 

Р/S:

Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин оилаи камбағал дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд тавассути рақамҳои зерин бо Мақсадой тамос бигиранд:

988-34-76-82

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД