formula
Қатораҳои мусофирбари Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
622


Аз 30 августи соли равон ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Русия ва Русия-Тоҷикистон баъди беш аз ду соли таваққуф, дубора барқарор мешавад.

Анвар Латифзода, намояндаи КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар бораи дубора барқарор шудани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ кардааст. 

Номбурда ҷузъиёти бештари масъала, аз ҷумла вақту соат ва шарту шароити ҳаракати қатораҳо худдорӣ кард ва гуфтааст, ки пагоҳ оиди ин масъала маълумоти бештар медиҳад.

Расонаҳои русӣ вобаста ба барқарор шудани ҳаракати қатораҳо иттилоъ дода, ҷадвали ҳаракати қатораҳоро нашр кардаанд.

 “Спутник Тоҷикистон” дар бораи рӯзҳои ҳаракати ин қатора навиштаанд, ки қатораи мусофирбари №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба- рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат мекунад. 
Баъд аз танффуси тӯлонӣ, рӯзи 30-юми августи соли ҷорӣ аввалин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Волгоград роҳсипор хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград ҳар ҳафта як маротиба сурат хоҳад гирифт. Ин қатора аз Хучанд рӯзҳои чоршанбе ва аз Волгоград рӯзҳои шанбе ба сафар мебарояд.

Бо далели паҳни бемории коронавирус аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо муваққатан қатъ шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД