Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷоми Осиё оид ба шамшербозӣ миёни наврасон ба анҷом расид. Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба шамшербозӣ миёни наврасон дар ҳисоби даставӣ дар риштаи рапира медали биринҷӣ ба даст овард.
Ин натиҷа бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин намуди варзиш мебошад. Ҷои аввал насиби Ӯзбекистон, ҷои дуюм насиби Қазоқистон гардид, ҳамчунин, мисли Тоҷикистон, дастаи Макао низ соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар - Муродова Саъдиа, Муродова Сумая ва Насимова Аниса намояндагӣ карданд.
Варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқа мураббиён Самиева Гулбаҳор ва Насимов Рустам роҳнамоӣ намуданд.