Sebiston new 2024 october
Оила
7014

 

Овозаи ба касалии қанд гирифтор шудани ҳаҷвнигори машҳур Бахтиёр Раҳимов, мо, кормандони сомонаи Оиларо сахт ба ташвиш андохт.

Мардум дар кӯчаву хиёбонҳо бехи гӯшӣ бо ҳамдигар пичир-пичир мекарданд, ки Ғарибшоҳ дар беморхона хоб аст, аз ҳамин сабаб вақтҳои охир тамоман баромада намекунад. Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо ба рақамҳои ин ҳунарманди нотакрор занг задем. Хушбахтона гӯширо худи Бахтиёр Раҳимов бардошт.

-Салом Акаи Бахтиёр! Ман Шабнам, аз сомонаиОила-ТЧ шуморо ташвиш медиҳам!

-Салом духтари хушрӯй. Ягон хизмат буд?

-Вақтҳои охир бисёр камнамо шудаед, барои ҳамин занг зада истодаам, ки бо чи корҳо банд буданатонро фаҳмам...

-Мо мисли пештара дар ҷӯшу хурӯш ҳастем, вале аз назари шумо, журналистон дур афтодаем. Ғарибшоҳ аз мода баромад гуфта суроғ намекунед...

-Гуфагӣ барин, гурӯҳатон пароканда гашт? Мегӯянд, ки шумо акнун дар ҳайъати “Ғарибшо-компания” неву алоҳида баромада мекунед?

-Ин фикр ба сари ягон нафари мо наомадааст. “Ғарибшо-компания” баръакс аз пештара дида, имрӯз фаъолтар шудааст.

-Овозаҳо дар бораи душман шудани Ташриф ва Ғарибшоҳ хеле зиёданд. Мегӯянд, ки шумо ҳатто бо якдигар салому алек намекунед. Магар аз байнатон гурбаи сиёҳ гузашт?

-Ману Ташриф ҳеҷ гоҳ душман набудем ва худо хоҳад, намешавем! Гурбаи сиёҳ моро бинад, думашро хода карда мегурезад. (Механдад)

-Фаъолиятамон дар ҷӯшу хурӯш аст гуфтед. Мушахасан гуфта метавонед, ки ин шабу рӯзҳо банди кадом корҳо ҳастед?

-Дирӯз аз сафари ҳунарӣ аз шаҳри бостонии Хуҷанд баргаштем. Як аъзои фаъоли гурӯҳамон айни замон бо сафари ҳунарӣ дар Туркия қарор дорад.

-Мегӯянд, ки хараҷу мараҷҳои санъат дилатонро гирифтаасту рӯ ба тиҷорат оварда, касбатонро иваз карданиед?

- Нахооод? Кӣ ба шумо ин хабари дурӯғро гуфт? Ман асло чунин ният накардаам ва намекунам!!! Ғарибшоҳ дар саҳна зода шудааст ва дар саҳна ҷон медиҳад!

Азбаски Бахтиёр Раҳимов бисёр дилпурона ҳарф мезад ва ягон осори беморӣ дар овозаш эҳсос намешуд, мо дар бораи овозаи ба касалии қанд гирифтор шуданаш ҳарф назадем, то бо ягон сухани ноҷо табъи нозуки ин ҳаҷвнигори машҳурро озурда насозем. Аҳли эҷоди сомонаи Оила-ТҶ ба Бахтиёр Раҳимов тани сиҳат, хотири ҷамъ ва комёбиҳои нав ба нави ҳунариро таманно дорад!

Сӯҳбаторо: Шабнам

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Бунафша 2019-08-28, 19:29
Худованд шифои комил дихад ба ин хунарманди хушсалика ва дустдоштани.
Посух
Лакайи хнкру 2019-08-29, 01:29
Гарибшо созай. Думи шера мекана хами хози
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Бунафша 2019-08-28, 19:29
Худованд шифои комил дихад ба ин хунарманди хушсалика ва дустдоштани.
Посух
Лакайи хнкру 2019-08-29, 01:29
Гарибшо созай. Думи шера мекана хами хози
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД