Arzon march 2024
Барои қассос аз Тоҷикистон ба Қазон рафт
13.04.2023
Оила
2604

Саҳифаи "Маш Ипташ" дар телеграм рӯзи 12 апрел роҷеъ ба як қасоси ғайриоддие хабар дод. Ба навиштаи ин саҳифа, як марди тоҷик бо номи Мадамид Баёнов дар шаҳри Қазони пойтахти Тотористон як марди дигарро тавассути чӯби полшӯйӣ ё швабра таҷовуз кардааст.

Ҳодиса аз он сар задааст, ки ӯ аз будани марди дигаре дар ҳаёти занаш огоҳ шуда, ба ҷустуҷӯяш баромад ва ӯро дар Қазон пайдо кард. Мард аз Тоҷикистон ба хотири қассосгирӣ ба пеши ӯ рафта, аввал латтукӯбаш кардааст. Сипас, мардро аввал худаш таҷовуз кард ва баъдан швабраро ба маъқадаш андохтааст. Баъди ин, ҳамроҳи дӯстонаш ӯро ба як хона бурдаанд.

Гуфта шуд, ки марди тоҷик ҳангоми таҷовуз ҳолатро пурра сабт карда, сипас аз ӯ барои нашр накардани видеои сабткардааш 10 ҳазор пул талаб кардааст.

Баъди ошкор шудани ҳодиса марди тоҷик Мадамин Баёновро дастгир кардаанд ва тибқи иттилои саҳифаи болозикр акнун ӯ бо 3 ҷиноят - одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ ва ҳаракатҳои шаҳвонии зӯроварона муттаҳам шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД